Падари сармуҳаррири “Халқ овози” даргузашт
Падари Ёқубҷон Абдуманонзода — сармуҳаррири рӯзномаи “Халқ овози” имрӯз, баъди нисфирӯзӣ даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Зуҳриддин Умаров дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод.
Маросими ҷаноза фардо, соати 9 дар деҳаи Муллошодии ноҳияи Шаҳринав баргузор мегардад.
Аҳли қалами рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ба Ёқубҷон Абдуманонзода нисбати даргузашти падарашон изҳори ҳамдардӣ баён намуда, барояшон сабри ҷамил хоҳонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ