Падару модар кӯдакашонро 9 ҳазор доллар нарх карданд

Кормандони пулис дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон зану шавҳари ҷавонро дастгир карданд, ки мехостанд кӯдаки 9-моҳаи худро ба 9 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯшанд.

Кормандони пулис дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон зану шавҳари ҷавонро дастгир карданд, ки мехостанд кӯдаки 9-моҳаи худро ба 9 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯшанд.

Бино ба маълумоти Раёсати иттилооти Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон, зану шавҳари ҷавон ҳангоми фурӯши фарзанди навзодашон боздошт шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи “фурӯши ноболиғ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар сурати собит шудани гуноҳ ин ду нафар ба муддати аз 8 то 12 сол маҳкум ба ҳабс хоҳанд шуд.

Ҳодисаи савдои ноболиғ дар Ӯзбекистон ҳодисаи тозае нест.

Тибқи иттилои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, дар солҳои ахир даҳҳо ҳодисаҳи фурӯши кӯдакон дар ин кишвар ошкор ва омилони онҳо дастгир шудаанд.

Масалан, кормандони умури дохилии ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд Ҷумъабоеваи 23-соларо дастгир карданд, ки мехост кӯдаки навзодашро ба қиммати 400 доллар фурӯшад.

Дар ҳодисаи дигар, дар ноҳияи Яшнободи пойтахти Ӯзбекистон шаҳрванди Ёқубова ба ҳангоми фурӯши кӯдаки 11 моҳааш ба арзиши 1100 доллар боздошт шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *