Ду тоҷикистонӣ дар Русия ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шуданд

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Зеленогради Маскав бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир 13,5 сол зиндон маҳкум шуданд.

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Зеленогради Маскав бо айбномаи қочоқи маводи мухаддир 13,5 сол зиндон маҳкум шуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти додситонии шаҳри Маскав, Файзалӣ Маллаеви 24-сола ва Субҳон Олимови 34 -сола ҳангоми фурӯши 2 килограмм маводи мухаддир навъи ҳероин даст шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Зеленогради Маскав ин ду нафарро бо иттиҳоми “савдои маводи мухаддир ба миқдори калон”ба муддати 13 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш сахт кард.

 Тибқи маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ки феълан дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ки бештарашон барои қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дар ҳудуди ин мамлакат боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.