Пагоҳ ба Бохтар ҳам автобус медиҳанд
Дар назар аст, ки пагоҳ, 5-уми августи соли равон 13 автобус ба шаҳри Бохтар дода мешавад. Ин нақлиёт барои мусофирбарӣ дар дохили шаҳр истифода мешаванд.
Файзулло Баротзода, шаҳрдори Бохтар имрӯз, 4-уми августи соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳоло масъулин дар шаҳри Душанбе қарор доранд. Ӯ афзуд, ки субҳи пагоҳ дар марҳилаи аввал 13 автобус ба шаҳри Бохтар ворид мешавад. Ба таъкиди вай фаъолияти автобусҳо аз 1-уми сентябр дар назар дошта шудааст: “Таъмири ҷойи нигаҳдории автобусҳо рафта истодааст. Мо дар се марҳила автобусҳоро ба шаҳр меорем”.
Файзулло Баротзода гуфт, ки “нақша дорем то 10 рӯз ба сокинону меҳмонон ройгон хизматрасонӣ кунем. Ҳамчунин, барои маъюбон ва эҳтиёҷмандон имтиёзҳо пешбинӣ шудааст. Хизматрасонӣ пурра ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад”.
Дар назар аст, ки ба шаҳри Бохтар 49 автобус ворид карда шавад. Ин ташаббус то ҳанӯз дар шаҳри Бохтар собиқа надорад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сокинони шаҳри Бохтар барои рафтуомад дар дохили шаҳр аз таксӣ ва микроавтобус истифода мекунанд.
Бино ба иттилои расида, барои хизматрасонии ғайринақдӣ феълан 40 ҳазор корт омода шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ