Кӯлоб: «Тоҷикстандарт» мусоидат кард

Дар нишасти матбуотиаш сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб Ҷурахон Қурбоналӣ Саидализода чунин иброз дошт:

— Дар даврони гузаштаи соли 2023 ҳафт бахшу шуъбаҳои идора босамар ва ҳадафмандона кор карданд. Маҳз натиҷаи санҷиши 186 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, соҳибкорон, 171 нуқтаҳои савдо, хўроки умумӣ, бозорҳо, дар озмоишгоҳ гузаронидани 1513 ташхис, зиёда аз 12 ҳазор адад воситаҳои ченакро аз ташхис гузаронидан боиси он гашт, ки маҳсулот аз ҷониби истеъмолкунандагон ва ташкилотҳои бонуфуз баҳои баланд гирифт. Масалан хокаи ҷомашӯии «София» дар корхонаи саноатии ноҳияи Восеъ истеҳсол шуда, дар ҷумҳурӣ соҳиби нишони сифат гардида, ба озмуни байни давлатҳои муштаракулманофеъ пешниҳод шуд. Ғайр аз ин сифати намаки «Хоҷамуъмин» дар миқёси байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, 20 намуди он ба хориҷ содирот хоҳад шуд.

Дар натиҷаи санҷишу корҳои оммафаҳмонӣ сифати маҳсулот, фарҳанги хизматрасонӣ хеле беҳтар гардид. Ин боиси пешрафти корҳо дар ҷомеа мегардад.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *