Дастаҳои даври чорякниҳоӣ маълум шуданд

Дар вохўриҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаҳои «Истиқлол», «Файзканд», «Хатлон», «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Эсхата», «Моҳир», «Равшан» (Кўлоб) бар ҳарифони худ пирўз шуданд.

Вохўриҳои даври ҳаштякниҳоӣ бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:

«Истиклол» – КМВА – 5:1, «Файзканд» – «Саройкамар» – 5:2, «Парвоз» – «Хатлон» – 0:2, «Ҳосилот» – «Барқчӣ» – 3:2, «Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1, бо пеналтӣ – 4:5, «Панҷшер» – «Эсхата» – 2:3, «Моҳир» – «Истаравшан» – 2:1, «Кўктош» – «Равшан» – 0:3.

Вохўриҳои даври чорякниҳоӣ рўзҳои 26 ва 27-уми август баргузор мешванд. Дар ин давр «Истиқлол» бо «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» бо «Эсхата», «Моҳир» бо «Хатлон» ва «Ҳосилот» бо «Равшан» бозӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *