Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сухани қабл аз марг

Марде дар дами марг ба занаш мегӯяд:

— Занак, пеш аз маргам бояд ба ту иқрор шавам…

Зан:

— Лозим нест, мардак, ором шав…

Мард:

— Не, ман бо виҷдони пок мурдан мехоҳам. Ман бо дугонаи беҳтарин ва бо дугонаи дугонаат ба ту хиёнат кардам.

Зан:

— Ҳамаашро медонам, мардак. Барои ҳамин ба ту заҳр додам.

Хӯрокро аз куҷо ёбам?

Табиб ба бемор:

— Ҳозир ман ба шумо як дору менависам, онро рӯзе 5 маротиба баъди хӯрок истеъмол мекунед.

Бемор:

— Ман ин қадар хӯрокро аз куҷо меёбам?

Маслиҳати табиб

Марде ба духтур арз мекунад:

— Духтур, ягон маслиҳат диҳед, асабҳоям вайрон, ягон рӯзе нест, ки бо завҷаам ҷанг накунем.

Духтур:

— Ҳар рӯз на камтар аз 2-3 км пиёда роҳ равед.

Асабҳоятон ором мешавад. Баъд аз як моҳ мард ба духтур занг мезанад:

— Ташаккури зиёд, духтурҷон, маслиҳататон фоида кард.

Духтур:

— Чӣ тавр, яъне дигар ҷанг намекунед?

Мард:

— Не, ҷанг он тараф истад, рӯйи якдигарро намебинем. Айни замон ман тахминан 185 км аз хонаам дур шудам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *