Пагоҳ дар боғи Камоли Хуҷандӣ намоиш мешавад
Пагоҳ соати 8:00 дақиқа дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд фестивали гулу гиёҳҳо доир мегардад. Намоиши гулҳо дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуда, аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла давлати Ӯзбекистон ва ҶИ Эрон меҳмонон ва гулпарварон иштирок мекунанд.
Фестивал ҳамагӣ як рӯз идома мекунад ва гулу гиёҳҳо танҳо барои намоиш не, балки фурӯш низ гузошта мешаванд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ