Раиси Шӯрои уламо: Рӯза бигиред, то сиҳатманд шавед!

Савол: -Ба мӯйи падарам кайҳо сафедӣ дамида соҳиби чандин набера  бошад ҳам, то ҳол шароб менӯшад. Ростӣ, бисёр кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин роҳи бад гардонем, вале нашуд. Мегӯяд, ки падарам зинда шуда, аз он дунё баргардад ҳам, арақро намепартоям. Дар моҳи шарифи рамазон низ ин мӯйсафед шарм надошта маст мешаваду қиёматро қоим карда ба ҳаққу ҳамсояҳо кинои бе пул нишон медиҳад. Шумо ба мо чӣ маслиҳат медиҳад? Дасту пояшро баста, дар хона маҳкам кунем ё я гон роҳи дигар ислоҳи падарам ҳаст?

Манучеҳр, аз Вилояти Суғд. 

Ҷавоб:— Лату кӯб кардан ва озор додани волидонро ислом манъ кардааст. Фарзанд дар ягон ҳолат ҳуқуқ надорад, ки падар ё модарашро азият диҳад. Роҳи беҳтарини ҳалли ин масъала дар он аст, ки шумо мӯйсафедони  ҳамсинну соли падаратонро пайдо намоед ва аз онҳо хоҳиш кунед, ки бо панду насиҳат ӯро аз ин роҳи хато баргардонанд.

Савол:-Маро як чиз ба ҳайрат меорад. Бо тақозои вазифа борҳо ба кишварҳои хориҷӣ,  аз ҷумла ба мамлакатҳои мусалмонӣ сафар кардаам. Вақте ба гуристони кишварҳои дигар назар мекунӣ, ҳама ҷо гулу гулкорӣ ва сабзу зебо аст. Муллоҳои мо бошанд, мегӯянд, ки зебу зиннат додани оромгоҳро дини ислом манъ кардааст. Хоҳишмандам ба ҳамин масъала равшанӣ андозед? Чаро дар Эрон ва дигар давлатҳои мусалмонӣ тозаю озода нигоҳ доштани манзили охирати гузаштагон равою дар мо мамнӯъ аст?   

Фирӯза, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Гулу дарахт шинонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани қабристон на танҳо ҷоиз, балки кори савоб ҳам аст. Бӯса кардани қабр, рӯю мӯйканӣ, чизе талаб кардан аз арвоҳҳо нодуруст аст.

Савол:-Бисёр одамонеро медонам, ки ба зиёрати хонаи Худо рафта, ҳоҷӣ шуда баргаштанд, вале боз арақ менӯшанд, зино мекунанд, ҳаққи мардумро мехӯранд ва ба дигар корҳои нораво даст мезананд. Оё ҳаҷи чунин афрод қабул мешавад?

Диловар, н. Ҳисор.

Ҷавоб:— Албатта аз осмон хабар намеояд, ки ҳаҷи фалонӣ қабул шуд ё қабул нашуд. Қабул шудан ё нашудани ҳаҷро аз тағйир ёфтани рафтору кирдори инсон фаҳмидан мумкин аст. Зиёрати хонаи Худоро ба ҷо оварда, одам ҳаҷро аз гардани худ соқит менамояд, вале аҷру подошеро, ки аз ҷониби Худованд ваъда  шудааст, ба даст овардааст ё не, инаш масъалаи дигар аст. Ҳоҷӣ баъди аз хонаи Худо баргаштан низ аз корҳои ҳаром парҳез накунад, маълум мешавад, ки ҳаҷаш қабул нагаштааст.

Савол: -Симои аслии ҳоҷӣ бояд чӣ гуна бошад?

Лоиқ, ш. Панҷакент.

Ҷавоб:-Намозхон бояд чӣ хел бошад? Ҳоҷӣ ҳам бояд айнан ҳамон хел бошад. Рукнҳои исломро ба ҷо оварда, ба атрофиёнаш ягон зарра зарар нарасонад.

Савол:-Шахсеро медонем, ки панҷ- шаш маротиба ба хонаи Худо рафта, ҳаҷ кард, дар ҳоле, ки на танҳо ҳамсояҳояш, балки зану фарзандони бародараш гурусна ҳастанд. Чунин одамон дар кишвари мо хеле зиёданд. Назари шуморо ба ин тоифаи ҳоҷиҳо донистан мехостам?

Зайнура, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Бо як маротиба ба зиёрати Каъба рафтан ҳаҷ аз гардани инсон соқит мешавад. Такрорӣ рафтан ихтиёрист, агар одам имкон дорад, меравад ва савоб мегирад. Албатта беҳтар мебуд, ки одамони сарватманд ба мардуми камбизоат хайр карда, савоби зиёдеро, ки дар гирду атрофашон ҳаст, ба даст биёранд.

Савол:-Маблағе, ки ҳангоми сафари ҳаҷ сарф мешавад, хайр ҳисоб мешавад ё не?

Мансур, ш. Турсунзорда.

Ҷавоб:-Ҳар ҳаракату ибодат, ҷунбишу хароҷоте, ки инсон ҳангоми сафари ҳаҷ мекунад, аҷру подоши зиёде дорад.

Савол:Баъзе одамон пояшонро ба пойи ҳамсоя ва хешу табори сарватмандашон дароз карда, бо пули қарз ба зиёрати хонаи Худо мераванд. Ҳаҷи чунин ҳоҷиҳо қабул мешавад ё не?

Мадина, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Ҳаҷ кардан барои нафаре фарз мегардад, ки шароити иқтисодиаш хуб аст. Ҳар касе шароит надорад, пули лозимӣ надорад, шарт нест, ки қарз гирифта ба ҳаҷ равад, дар дилаш орзуву нияти зиёрати хонаи Худоро кунад ҳам, савоби зиёде мегирад.

Савол:-Мардуме ҳастанд, ки мехоҳанд дар моҳи шарифи Рамазон ба сеғарахонаҳо хайр кунанд. Мегуфтед, ки  ҳамин хайрро рӯзона кардан хубтар аст ё шабона?

Сулҳия, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Хайр кардан вақту  соати муайян надорад. Ҳар вақте ки аз дилат баровардӣ, дар роҳи Худованд хайр мешавад.

Савол:-Пеш аз Рамазон ба яке аз пайвандонам қарз дода будам. Чанд рӯз пеш занг зада хоҳиш кардам, ки қарзамро баргардонад, вале то имрӯз пуламро барнагардонидааст. Мегӯянд, ки одам дар моҳи шарифи рамазон аз касе қарздор бошад ё ба касе қарз диҳад, рӯзаи гирифтааш қабул намешавад. Оё рӯзаи ман дуруст аст?

Ҷавоб:-Рӯзаи ҳардуятон дуруст аст, чунки қарз ба рӯза гирифтан иртиботе надорад. Мушкилоти қарзӣ зиёне ба рӯза намерасонад, вале он одам барои аҳдшиканиаш гуноҳи азим мегирад. Инсоне, ки қарз додааст, аҷру подоши зиёдеро соҳиб мешавад, ба шарте, ки ба болои пули додааш маблағи иловагӣ зам накунад.

Савол:-Дугонаам мехоҳад, ки садақаашро барои хонадоршавии як ятими бекасу куй сарф намояд, вале аҳли хонаводааш мегӯянд, ки садақаро бояд дар дег тайёр кунию ба атрофиён тақсим намоӣ. Беҳтар нест, ки сари ятимеро ҷуфт намояд, охир дигарон ошу нони тайёро хӯрда мераванду боз дар бораи соҳиби хайр бадгӯӣ мекунанд. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

Меҳрбону, ш. Ваҳдат

Ҷавоб:-Дар садақа ҳар чизе, ки зиёд давом кунад, савобаш зиёд аст. Инсон ду ятимро ба зиндагӣ пайваст кунанд, ин садақаи ҷория маҳсуб мешавад. Шахсе, ки чунин кори хайрро мекунад, чанд ҳазор баробар савоб мегиранд. Мардуми гирду атроф шояд ба хӯроки ӯ ниёз надошта бошанд ва дуои хайре дар ҳаққаш акунанд. Дуо кунанду раҳмат гӯянд ҳам, савобаш то ҳазми хӯрок аст. Аз ҳамин сабаб ман ба он дугонаи шумо маслиҳат медиҳам, ки тӯйи хонадоршавии он ятимонро гузаронда, савоби бузург бигирад.

Савол:-Намояндагии Кумитаи Имдод Ҳумайнӣ тӯли солҳои зиёд дар кишвари мо ҷавонони камбизоатро аз ҳисоби худаш хонадор мекард, тӯяшонро мегузаронд ва барои оғози зиндагӣ ба онҳо ҷиҳози арӯсӣ медод. Шӯрои уламо ин иқдомро пайгирӣ кунад, нуран ало нур мешуд…

Фирӯза, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Дар Тоҷикистон аз Пешвои миллат сар карда, то соҳибкорону вазирону дигар кумитаву идораҳо ҳама дар ҷуфт кардани оилаҳои камбизоат ва хатнасури ятимон саҳм доранд. Мо ба ғайр аз корҳои хайре, ки анҷом медиҳем, боз таъмини ятимхонаеро дар ноҳияи Рӯдакӣ бар дӯши худ гирифтаем.

Савол:-Сандуқҳои хайриявие, ки дар масҷидҳо ба чашм мехӯранд, маблағҳои онҳо ба куҷо сарф мешаванд?

Ибодулло, ш. Душанбе.

Ҷавоб:— Боре як мард ба ман чунин савол дода буд, ки ин маблағ ба куҷо сарф мешавад. Аз ӯ пурсидам, ки чанд сол боз ба масҷид меоӣ? Ҷавоб дод, ки 20 сол. Гуфтам, чанд маротиба ба ҳамин сандуқ пул партофтаӣ. Хандида гуфт, ки ягон бор. Аксари касоне, ки меоянд, айнан мисли шумо ҳастанд гуфтам. Дар ин сандуқҳо маблағи кироӣ ҷамъ намешавад. Мо аз ҳамин ҳисоб пули андозу барқро месупорем, ба ғайр аз ин ҳар як масҷид зиёда аз панҷ коргар дорад. Касоне, ки рӯфтану шустани масҷид ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд, маош мегиранд ва моҳонаи онҳо ҳам аз пули ҳамин сандуқҳои хайрия пардохт карда мешаванд.

Савол:-Духтарам зиндагии хуб надошт ва оқибат аз шавҳараш ҷудо шуд. Дар батнаш тифли чормоҳа доштааст. Ба духтур рафт, то исқоти ҳамл намояд, вале табибон иҷозат надоданд. Аз куҷое барои афтонидани тифл як доруи махсус харида овардааст ва мехоҳад онро хӯрда, аз кӯдак халос шавад. Аз рӯйи гуфтаи табибон ва ташхиси УЗИ тифли батнаш писарча аст. Дар сурати афтидани тифл ӯро кафан карда, баъд гӯр кардан лозим аст ё ҳамин тавр зери хок кунем, кифоя аст?

Ҷавоб:-Пас аз таваллуд ягон узваш ҷунбад ё аз ӯ садое шунида шавад, тифл чандмоҳае, ки набошад, номгузорӣ ва кафан карда мешавад, вале нуҳмоҳа бошад ҳам, мурда ба дунё биёяд, қурби як нохунро дорад ва дар як гӯшаи қабристон  гур карда мешавад.

Савол:-Дар бисёр кишварҳои мусалмонӣ сухани муфтӣ қонун аст. Шумо ба савдогарон сухани таъсирбахше гуфта метавонед, ки дар иди Рамазон нархи маҳсулотро баланд набардоранд?

Ҷавоб:— Мо қуввае надорем, ки мардумро маҷбур карда тавонем, вале фармудаи Худовандро ба бандагонаш мерасонем. Касе, ки ба хотири фоидаи бисёр гирифтан қасдан нархро боло бардошта ба мардум зиён мерасонад, тиҷораташ бебаракат гашта, рӯ ба касодӣ меорад ва бар замми ин, ба азобу уқубати парвардигор гирифтор мешавад….

(Давом дорад)

Маҳинаи Давлат

-Агар дар хонаатон ягон нафар ба беморӣ дучор мешавад, аввал ба муллои муроҷиат мекунад ё ба духтур?

-Шахсан ман аввал ба духтур муроҷиат мекунам, то ки сабаби бемори муайян карда шавад. Вобаста ба тавсияи духтур амал менамояд.

-Ояте ки баракати хонадонро меафзояд кадом аст?

-Дар Қуръони Карим сураи Воқеа мавҷуд аст, ки хондани он баракатро нигоҳ медорад ва аз ноҷуриҳо нигоҳ медорад.

-Ояте, ки аз балоҳо наҷот медиҳад, кадом аст?

-Ҳамаи ояҳои Қуръон инсонро аз бадиҳо эмин медорад. Алалхусус Ояталкурсӣ бештар манфиатбахш аст. Ва инсонро аз бадиҳо эмин медорад.

-Сахттарин рӯзи Шумо  дар зиндагӣ кадом рӯз буд?

-Рӯзе, ки дар синни 11 солагиям модарам аз сар гузашт, ки ранҷи зиёд аз сар гузаронидам. Худо раҳматашон кунад.

-Назари ислом ба варзиш чӣ гуна аст? Кадмо намуди варзишро дастгирӣ мекунад?

-Пайғамбари ислом мефармояд, ки аспсаворӣ шиноварӣ ва камонпаронӣ яке аз суннатҳои пайғамбарист. Тамоми намуди варзише, ки баданро қавӣ мегардонад, ислом тавсия медиҳад, ки инсон ба он машғул бошад. Пайғамбар мегӯяд, ки «Муъмини қавӣ аз ҷиҳати роҳу равон ҷисму ҷон, ақлу илму сарвату дорандагӣ маҳбубтар аст назди Парвардигор аз оне ки заифу нотавону бечора аст».

-Дар вақти ҷанг яке дигареро таҳқир карда мегӯяд ки ту номусалмонӣ! Оё ин дуруст аст?

-Не чаро ки номусалмон гуфтан ба маънои кофир буданро ифода мекунад, ки ин ба маънои таҳқиру дашном ва паст задани шарафи мусалмон аст, ки имон дорад гапи гуфтааш ба худаш бармегардад ва имонашро мешиканад.

-Луқмаи ҳаром кадом асту луқмаи ҳалол кадом аст?

-Луқмаи ҳалол тамоми меҳнату заҳмате, ки барои ба даст овардани қути лоямут мекашад, луқмаи ҳалол  аст. Луқмаи ҳаром бошад бо роҳи дуздию ғорат, қимору дигар роҳҳо ба даст меорад луқмаи ҳаром аст.

-Луқмаи порахӯр ҳам ҳаром аст, зеро бо сад машақат ба даст меорад.

-Пайғамбари Худо (с) мефармояд, ки порадиҳанда ва порагиранда аз мо нест. Яъне мусалмон нест. Ва ҳарду осиву гунаҳгоранд.

-Агар пора гираду ба кори хайр сарф кунад, хайри ӯ қабул мешавад?

-Ин хайраш қабул нест.

-Ба шахсони ки ба ҷои гӯшти гов гӯшти хар мефурӯшанд чи ҷазое муайян шудааст?

-Гуноҳи азим аст, дар зиндагии дунё ва бебаракатию мушкилиҳо дучор мешаванд дар охират бошад бо азобҳои сангин мубтало мегарданд. Вақти дар зиндагӣ ба балоҳо дучор мешаванд, фикр намекунанд, ки чи  гуноҳи азиме назди Худованд кардаанд. Ҳамин корҳои ҳарому зиштро худо дида ҷазоро муайян мекунад.

-Маблағҳои калоне, ки аз тарафи порахӯрҳо мусодира карда мешавад, ба кадом корҳо бояд сарф намуд?

— Моле, ки аз дуздию ғорат аст, шахсият ҳақ надорад, ки ба он дахолат кунад.Танҳо мақомотҳои дахлдор ҳуқуқи дахолат карданро доранд ва танҳо онҳо метавонанд, ки ин пулро ба ҷойҳои ниёзманд сарф намоянд.

-Агар такя ба ягон чиз набошию муддати тӯлонӣ хобат барад, таҳоратат мешиканаду Қуръону намоз хондан  ҷоиз нест?

-Дар ин сурат таҳораташ ҷо ба ҷо аст агар чанд соате хоб карда бошад ҳам метавонад ҳам намоз хонаду ҳам Қуръон хонад.

-Субҳона робил гӯям дуруст аст ё рабил?

-Тарзи дурусташ субҳона рабил… мегӯянд чунки дар он ҷо алиф вуҷуд надорад ва робил хондан  хато аст.

-Тифли даҳ моҳа дорам, шавҳарам намехоҳад, ки рӯза гирам мегӯяд, ки тифли ширмак дори ба ту иҷозаи рӯза гирифтан нест. Оё ин андеша ботил аст?

-Дар сурате, ки тифлак ба  ғайр аз шири модар чизе намехӯрад, модар то тавонманд шудани тифлак бояд рӯза нагирад. Гирад ва бояд тифлро шир диҳад ва қазояшро мегирад.

-Бибиям мегӯяд, ки то донаи гандумро дидан саҳархӯри кардан мумкин аст. Оё ин андеша ҳақиқат дорад?

-Не, нодураст аст, чунки субҳи содиқ оғози равшаншавии рӯз аст ва давом меёбад ба рӯзи дигар.

-Чанд рӯз пеш аз моҳи Рамазон арақ хӯрда бошад ки рӯзи гирифтанаш иҷозат аст?

-Агар ҳамон рӯз ҳам хӯрда бошад, рӯза гирифтанаш дуруст аст.

-Таробеҳро танҳо хондан дуруст аст?

-Бале дуруст аст. Модоме, ки бемор асту имконияти ба масҷид рафтан надорад, ягон монеа вуҷуд надорад.

-Рӯзи ҷумъа  рӯза гирифтан дуруст аст?

-Одатан рӯзи ҷумъа рӯза гирифтан нодуруст аст, агар панҷшанбеву ҷумъа ё ҷумъаю шанбе гирад дуруст аст.

-Сатр фарз аст?

-Шариати ислом барои марду зан барои пӯшонидани андомҳо сатрро муайян кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *