Пагоҳ дар тамоми ҷумҳурӣ хизматрасонии тиббӣ ройгон аст

 Шурӯъ аз  соли  1950 дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун  Рӯзи байналмилалии саломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки ин сана ҳамасола ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда, имсол   таҳти   шиори «Депрессия (афсурдаҳолӣ): биёед гуфтугӯ мекунем!»   доир мегардад.
Тавре ки  аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, бахшида ба ин рӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон 8 апрел дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо иштироки  устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ ҷамъомади ҷумҳуриявӣ  гузаронида мешавад.

Дар доираи ҳамоиши мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавии аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар корҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.  Ҳамзамон аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии  таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбатҳо ва машваратҳои тахассусӣ гузаронида мешаванд.
Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар як шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *