Дар канори Хоруғ шаҳри нав бунёд мешавад

Дар вилояти мухтори Бадахшон сохтмони шаҳре барои 20 ҳазор аҳолӣ оғоз ёфтааст. Ин шаҳр дар мавзеи Дашти Тем, чаҳоркилометрии Хоруғ, дар масоҳати 200 гектар замин ва дар панҷ соли оянда бунёд мешавад. Ҳазинаи ин тарҳ ҳанӯз маълум нест. Аммо Айдармуҳаммад Гулмамадов, сардори Раёсати сохтмон ва меъмории вилояти мухтори Бадахшон гуфтааст, барои омода кардани зербунёди шаҳр аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Ин шаҳр дар соҳили рӯдхонаи Панҷ сохта мешавад, ки ба фарқ аз Хоруғ хатари сангрезӣ ба он таҳдид намекунад. Ба хотири пешгирӣ аз эҳтимоли обхезӣ ҳоло 4,5 километр соҳили Панҷ бо баландии панҷ метр ва паҳноии 8 метр соҳилбандӣ мешавад. Зимнан, ин садд ҳамчун роҳи мошингард низ истифода хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *