Пахтачинии иҷборӣ дар Ӯзбекистон
Дар баъзе аз ноҳияҳои Ӯзбекистон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд. Кормандони баъзе аз муассисаҳои давлатӣ бо вуҷуди ваъдаи мақомоти ӯзбек, ки имсол касеро иҷборан ба пахтачинӣ намебаранд, ба пахтазорҳо сафарбар шуданд.
Кормандони бархеи муассисаҳои давлатии вилояти Андиҷон 14 сентябр дастаҷамъона ба пахтазорҳо сафарбар шуданд. Аз онҳо иҷборан баёнот гирифта шудааст, ки «бо хоҳиши худ пахта мечинанд».
Кормандони ширкати «Фарғонаазот» мегӯянд, таҳдид шудаанд, ки дар сурати нарафтан ба пахтачинӣ ҷойи кори худро аз даст медиҳанд.
Кормандони Бахши «Бонки мардумӣ»-и Ӯзбекистон дар вилояти Намангон низ ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд.
Донишомӯзони Донишкадаи низомиву техникии Горди миллӣ, Академияи Вазорати умури дохилӣ ва Донишкадаи низомиву гумруки Ӯзбекистон низ ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки иҷборан ба пахтачинӣ ҷалб мешаванд.
Ёдрас мешавем, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи 12 августи худ ҷалби хонандагон, донишҷӯён ва кормандони муассисаҳои давлатиро ба пахтачинӣ расман манъ кард. Ин дастури Мирзиёев пас аз он содир шуд, ки Вазорати меҳнати ИМА Ӯзбекистонро аз рӯйхати кишварҳои истифодабарандаи неруи кӯдакон ва меҳнати иҷборӣ дар истеҳсоли маҳсулот берун кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ