Ширкати Тоҷикистон дар машқҳои низомии “Марказ-2019”

Машқҳои низомии  солонаи низомиҳои Русия таҳти номи «Марказ-2019» имрӯз, 16 сентябр шуруъ шуд. Ба размоишҳо, ки то 21 сентябр давом хоҳанд кард, ҷузъу томҳои Чин, Ҳинд, Покистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон мепайванданд.

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки соли ҷорӣ «истифодаи неруҳои муштараки кишварҳо дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ ва таъмини амният дар Осиёи Марказӣ» санҷида мешавад.

Интизор меравад, ки размоиши кунунии ҳавзаи низомии Марказӣ бузургтарин размоиш хоҳад буд. Ба иттилои маркази таҳлилии амрикоии Jamestown Foundation, дар ин размоиш «128 ҳазор одам, 20 ҳазор силоҳ ва техника, 600 ҳавопаймову чархбол ва 15 киштии низомӣ» ширкат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *