Палатаи ҳисоб беш аз 150 миллион сомонӣ зарари молиро ошкор кард

Палатаи ҳисоби назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 150 миллион сомонӣ зарари молиро ошкор кардааст. Ин дар ҳолест, ки санҷишҳо аз ҷониби ин ниҳод соли равон ба маротиб кам шудааст.

Қарахон Чиллазода — раиси Палатаи ҳисоб мегӯяд, ки давоми ним сол дар пайи санҷишҳои аудитӣ наздик ба 158,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба давлатро ошкор кардаанд. «Ин дар ҳолест, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи санҷишҳо 53 адад кам ва маблағи қонуншикании молиявӣ 75,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст»,- изҳори нигаронӣ кард ӯ зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфти раи Палатаи ҳисоб, зарари зикршуда дар пайи изофанависӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ расидааст.

Ба иттилои манбаъ, аз маблағи мазкур хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,9 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,2 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 9,1 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 456,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *