Палави фестивалӣ, чашм гуфт: омад, даҳон гуфт: даромад, шикам гуфт: вай чӣ буд, ки наомад?
…Субҳи барвақт дарвозаро заданд ва писараке хабар дод, ки соати 8 ба хонаи акаи Раҳмулло ба оши наҳор равам.
Раҳмуллои ҳамсоя писарашро зан медодааст. Хуб гуфтаму ба ёдам расид, ки имрӯз дар боғи Фирдавсии Душанбе “оши наҳор” ё ба таври расмӣ гӯем, Фестивали оши палав ташкил карда шудааст ва дар он ҷо дар 400 дег ош мепазанду яке аз ин дегҳо як тонна ош мебарад. “Ана ба куҷо рафтан лозим. Ба ҳамсоя узр пеш овардан мумкин аст. Аммо аз чунин маърака, ки бори аввал ташкил шудааст, мондан гуноҳ аст Вазифашиносӣ аз ҳамсояшиносӣ боло гирифт ва ба зиёрати ҳазрати Фирдавсӣ равон шудам, то ки “ғалбер баҳонаю дидор ғанимат” гӯён як даҳон аз оши яктоннагӣ хӯрам ва ба ҳунари ошпазҳои душанбегӣ, ки ба ҳамкасбони хуҷандии худ пайравӣ карда истодаанд, баҳо диҳам…
…Дар атрофи боғ ҷои сӯзанзанӣ набуд. Агар ба мардуми мо бо овози паст ҳам “оши палав” гӯӣ, аз паси кӯҳи Қоф ҳам бошад, мешунаванд. Ба дӯсти шодравонам, нависандаи ҳаҷвнигор Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ мегуфтам , ки “оши палавро духтурон ба ту манъ кардаанд, нахӯр…” , ҷавоб мегуфт, ки тоҷик оши палов хӯрда мурад беҳтар аз он аст, ки зинда бошаду оши палов нахурад. ..
Бо азобе барои мошинам парковка ёфтаму ба тарафи боғ давидам …
…Вақте ки аз дарвозаи боғ ворид мегардидам, дидам, ки бо фарқ аз рӯзҳои гузашта имрӯз даромадан ба боғ бепул аст. Бӯи хуши оши палави дар саросари боғ паҳн гашта, иштиҳоро даҳчанд меафзуд ва гумон мекардӣ, ки ҳозир агар бошад, даҳ табақашро як худат мехӯрӣ. Садҳо нафар бо табақу бе табақ озодона вориди боғ мешуданд ва аввалин чизе, ки ба чашмамон афтид, ин анбуҳи мардуме буд, ки дар атрофи чизе ҳалқа зада буданд. Ба он ҷо наздик мешавам ва илоҷе карда аз байни ин анбуҳ сарамро ба дарун халонидам ва дидам, ки дар деги калоне, ки дар дохилаш як раққоса метавонист рақси “Қошуқ”-ро бемалол иҷро кунад, аллакай нисф шудааст. Дар атрофи дег даҳҳо нафар якбора талоши ошгирӣ мекарданд. Як нафар ҳатто бо каланде, ки боғбон барои обгардонӣ истифода мебурд, лундаҳои калони гуштро ба тарафи худ мекашид. Дигаре сатилашро дар болои тӯдаи ош гузошта, бо ду даст онро пур кардан мехост. Сеюмӣ телефони ба даруни дег афтодаашро аз он ҷо меҷуст ва қариб буд даруни дег афтад. Ду нафар рафиқаш “садқаи ҳамон телефон, мон боз касе “гӯшти ош” гӯён бо каланд ба сарат нафарорад” гуфта ӯро ба зур аз болои дег дур карданд. Хулоса, манзарае буд,ки дар филмҳои даҳшатноки Голливуд вобаста ба охир расидани дунё медидед. Дар пеши назарам деги то омадани ман нимшуда хоп -холӣ шуд ва чанд нафар бачаҳои наврас дастонашонро аз канори он дароз карда,охирин донаҳои биринҷро ба тарафи худ кашида мехӯрданд. Ба чанд табақбадасте ,ки лабу лунҷи худро мисли шербачаҳои аз шири модар ноумедшуда мелесиданд нигариста, ошпаз кафгири калонашро ба танаи дег заду эълон кард: “Ош тамом…” Ҳамин тавр, оше, ки барои Тоҷикистон рекордӣ буду ба шарафи пойтахт «Душанбе» ном ном дошт, танҳо ба душанбегиҳое расид, ки саҳархез буданд ва шояд аз аввали шаб дар ин ҷо интизорӣ доштанд. Барои пухтани ин ош 250 кило биринҷи «Лазер»-и Регар, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 кило равған, 30 кило пиёз, як кило зира, як кило мурч, 5 кило мавиз, як кило зирк истифода шуд, аммо мутаассифона мо сифаташро танҳо аз даҳони хӯрдагиҳо фаҳмидем. “Дар бист дақиқа тамом шуд…” бо ифтихор гуфт як ошпаз аз ҷумлаи ошпазони ҳафтнафара, ки палави яктоннагиро омода намуда буданд.Чун оши ҳафттонагиро аз мо пеш дар ҳамсоякишвар пухта буданду шомили Китоби Гиннес шуданд, шояд бо ин суръати баланд тамом шудани оши яктоннагиамонро ба ба ин китоб пешниҳод кунем? Яъне, “суръати ошхӯрии мо дар ҷаҳон беҳамтост” бигӯем.
Дар як гӯшаи боғ, дар паҳлуи Ҳаким Фирдавсӣ барои ошхӯрони беҳтарин,ки бояд сабқат мекарданд, ҷой омода намуда буданд. Дар паси мизи ошхӯрӣ 9 паҳлавони сари деги ош ва як паҳлавонзан дар назди худ як табақӣ ош гузошта, омодаи ишораи ҳакамон барои оғози мусобиқа буданд. Ҳакамон пас аз интизориҳои зиёд ба назди онҳо омаданд ва мусобиқа сар шуд. Чашми ҳама ба тарафи ошхӯре буд, ки мӯйлабҳои аҷоибулғароибаш аз ошхӯри моҳир буданаш дарак медод. Тоҳир Эгамбердиев аз оғоз пешсафи мусобиқа буд ва дулунҷа ош мехӯрду оби даҳони ошнахӯрдаҳоро равон мекард. Ошхӯрзани ягона аз ин даҳгона Нодира Қурбонова бо ҳавсалаи тамом гоҳ даст ба салат мебурду гоҳ ба табақ ва баъзан аз чойники паҳлуяш ба пиёла чой рехта, қулт мекашид. Ниҳоят, озмуни паҳлавонони сари деги ош хотима ёфт ва дар ин мусобиқа Тоҳир ако, ки ба ҷуз мӯйлаби нестанандарҷаҳон боз иштиҳои бузурги ошхӯрӣ ҳам доштааст, ғолиб омад. Ду кило ошро дар чанд дақиқа тамом кардан кори осон нест!
Чун иштиҳои банда баъд аз ошхӯрии ошхӯрони беҳтарин боз ҳам бештар қозгир шуда буд, ба дигар қисматҳои боғ рафтам, ки шояд ба ман ҳам аз ин ошҳои фестивалӣ ягон луқма расад, вале сад афсӯс, ки аллакай аз чорсад деги гузошташуда дар ягонтояшон ҳам палав намонда буд. Хайр, ошашон шавад ба онҳое, ки пешдастӣ карданд…
Агар ҷиддӣ гӯем, камбудиҳое,ки дар вақти баргузории ин фестивал ошкор шуданд,на ҳама вақт бо гуноҳи ташкилкунандагони он , балки бештар бо айби мо –сокинони пойтахт ба миён омаданд. Масалан, оё намешуд, ки мисли хуҷандиҳо дар як саф истода, бе ҳуҷум кардан ба “қалъаи Брест” соҳиби як кафгир оши худ шаванд? Ё чаро ошхӯрон, (аксаран донишҷӯён) ба нишондодҳои намояндагони милиса ва волонтёрҳо гӯш намекунанд? Мо дар бораи дуздии кафгири ошпази бозори “Меҳргон”, аз тарафи занҳо канда ба сумкаҳояшон ҷой кардани овезаҳои боғ ва боз бисёр чизҳое,ки хеле шармоваранду гуфтанашро ҷоиз намедонем, хомӯш меистем, аммо бояд ҳаминро таъкид кард, ки қабл аз ошхӯрӣ остинро бар мезананд ва намегузоранд,ки ба либос доғи равған расад. Шояд сабаби чунин “маданияти баланди ошхӯрӣ ” доштани мардуми мо дар камбудани чунин маъракаҳост ва ҳануз меъдаамон сер нашудааст?
…Вақте ки аз паҳлуи Фардавсӣ мегузаштем, дидем,ки дар пеши пои Ҳакими Тӯсӣ ғарами каду, ангуру себ ва анору хурмо гузошта буданд. Шояд ба эшон ҳам ош нарасида буд,ки он касро бо ин меваҳо сер кардан мехостанд. Вале ба назар чунин мерасид, ки баргузории аввалин фестивали ош ба муаллифи “Шоҳнома” хуш омадааст ва ӯ мехоҳад, ки чунин маъракаҳо зуд-зуд барпо гарданд ва чашми меросбаронаш сер шавад. Дастандаркорони фестивал ваъда кардаанд,ки иштиҳои шаҳриёнро ба инобат гирифта, дафъаи оянда деги даҳтоннагӣ мегузоранд ва тартибот низ ба таври дигар сурат мегирад.
…Ба мошин нишастаму дар дил қарор додам, ки сари роҳ аз ягон ошхона оши палави “1Х1” мегирам ва ба занак бурда, “ин оши фестивалӣ” мегӯям, аммо… якбора ба хотирам омад, ки соли гузашта дар арафаи Соли нави мелодӣ дар саҳифаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” якҷо бо муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти кишвари дӯсти Ӯзбекистон оши палав пухта будем,ки хеле бомаза омад ва то имрӯз таъмашро мардум фаромӯш накардаанд. Ба бозор даромада, чизҳои барои ош заруриро харидам ва рост ба хона равон шудам. Вақте ки занак мӯйлабҳои равғаннадидами маро дид, ба ӯ фурсати савол додан надода, гуфтам:
-Дар фестивал ба мо ошпазиро омӯзонданд гуфтанд, ки акнун бояд худамон дар хона ош пазем…
-Охир шумо ошпазиро медонед — ку?
-Медонам, вале ин оши дигар аст, оши фестивалӣ…
…Бовар кунед, чунон оше шуд, ки танҳо худам аз ду кило зиёди онро хӯрдам ва агар ҳакамони озмуни фестивали ош ин ҷо мешуданд, ҳатман ҷои аввалро ба ман медоданд. Раҳмат ба Фестивали оши палав, ки чунин хушбахтиро ба банда ва мардуми ошхӯре, ки саҳар хестанду аз ош бенасиб намонданд, ҳадя кард…
А. АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ