Занозании гурӯҳии мактаббачагон

Занозании гуруҳии хонандагон дар шаҳри Туркманободи Туркманистон 8 ноябр рух дод. Дар ин занозанӣ хонандагони чаҳор мактаб ширкат карданд.

«Дар занозанӣ наздики 30 хонандаи синфҳои болоии мактабҳо ширкат карданд», — хабар медиҳад як шоҳиди ҳодиса.

Шоҳидон аз таҷаммуъ ва занозании хонандагон ба пулис хабар доданд. Пулис сари вақт ба ҷои ҳодиса омада, таҷаммуъро пароканда кард. Гуфта мешавад, панҷ тан аз хонандагон боздошт шудаанд.

«Миёни ҷавонони Туркманобод вақтҳои охир занозанӣ ба як падидаи маъмулӣ табдил шудааст», — нақл мекунанд сокинони Туркманистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *