Панҷакент: Марде ҳамсарашро бӯғӣ карда, кушт
Марде аз шаҳри Панҷакент ҳамсарашро ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврали соли 2023 рух додааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, “тахминан соати 03:30 дақиқа марди 53-солаи сокини шаҳри Панҷакент дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ ҳамсараш — зани 53-соларо бо дастонаш бӯғӣ карда, ӯро ба ҳалокат расонидааст”.
Назари марди гумонбар ва ё наздикони ӯ маълум нест. ВКД нисбати марди гумонбаршаванда тибқи моддаи 104-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ