Жило Гулназарзода

Созишномаҳои хориҷии ДБЗХТ ба 53 адад расидаанд

Шумораи созишномаҳои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба 53 адад расидааст.

Ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ки созишномаҳо бештар фарогири ҳамкориҳои дуҷониба дар самти табодули донишҷӯён, баргузории ҳамоишу конференсияҳои муштарак мебошанд.

Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки сафи хориҷиён дар донишгоҳ афзудааст: ”Аз теъдоди умумии 586 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз Туркманистон 3 нафар, Қирғизистон — 1 нафар, Афғонистон — 3 нафар, Ӯзбекистон — 576 нафар, Федератсияи Русия — 2 нафар ва аз Қазоқистон 1 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *