“Панҷшер” пирӯз шуд!
Тибқи иттилои мавҷуда дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ ғолиби чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15 -сола шуд.
Гуфта мешавад, ки чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15 -сола имсол дар ду марҳила — пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд ва дастаи “Панҷшер” аз Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз шуда, бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб кард.
Ҳамин тавр, ҷойи дуюмро дастаи “Бешкент” ва мақоми сеюмро тими «Навбаҳор» -и Мастчоҳ ба даст оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ