“Тоҷикистон” чӣ менависад? Аз болоравии нархи орд то тафсилоти худкушии корманди “Амонатбонк”

Болоравии бесобиқаи нархи орд дар Тоҷикистон аксари сокинони кишварро нигарон кардааст. Ҳафтаи равон, нархи як халта орди навъи аввал дар бозорҳои кишвар то ба 300 сомонӣ баробар шуд. Сабабҳои болоравии нархи ин маҳсулоти ниёзи аввалро “Тоҷикистон” ин ҳафта дар матлаби “Магар бо омори дурӯғ шиками мардумро сер карда мешавад?” пайгирӣ намудааст.

Матлаби ҷолиби дигари Тоҷикистон тафсилоти фоҷеаи хунин дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки дар ин авохир ҷомеаро ба ларза овард. Мансур Мирзоахмедов, як устоди донишгоҳ дар заминаи як муноқишаи оилавӣ ба ҳамсар ва кӯдаконаш бо кор ҳамла мекунад, ки дар натиҷа духтари 8 — солааш мефавтад.

Ӯ пас аз ин қасди худкушӣ намуд, вале кормандони мақомоти милитсия монеъ шуданд. Чӣ сабаб шуд, ки муллими мактаби олӣ даст ба ин кор зад? Вазъи сиҳатии ҳамсараш ва духтари зиндамондааш чӣ тавр аст? Ба ин суол дар матлаби “Фоҷеаи хунин дар Хуррамшаҳр” посух хоҳед ёфт.

Суҳбати журналист Одил Нозир бо Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, ки дар остонаи 75-солагии мавлуди шоир ба нашр расидааст, низ ҷолиб буда, дар он сафҳаҳои норӯшани рӯзгори шоир ва вазъи шеъру адабиёт мавриди барассӣ қарор гирифтааст.

Дар мақолаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир – “Қисмати Заур Дахте. Ё чӣ тавр як эронӣ муътабартарин шахсияти Тоҷикистон шуд?” сухан аз сарнавишти рангини наворбардор ва аккоси номвари тоҷик Заур Дахте меравад.

Ҳафтаи равон ҳодисаи гӯшношуниди дигар дар ноҳияи Айнӣ ба вуқуъ пайваст. Як нафар корманди “Амонатбонк” дар маҳали кор даст ба худкушӣ зад. “Тоҷикистон” дар такя ба манобеъи худ омилҳои даст ба худкушӣ задани ин ҷавонро низ таҳқиқ намудааст, ки мутолиаи он хонандаро ба андеша водор мекунад.

Тайи чанд вақти охир болоравии нархи бензин ва газ аҳолии кишварро нигарон кардааст. Нашрия дар матлаби “Ҷаҳиши рекордии нархи газ. Аврупо дар ташвиш Тоҷикистон пой мекӯбад” ин мавзӯъро пайгирӣ кардааст. Оё дар ояндаи наздик нархи газу бензин арзон мешавад? Ба ин суол посух ҷустан хоҳед, “Тоҷикистон”-ро мутолиа кунед.

Дар баробари ин, шумо метавонед даҳҳо матлаби сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тафреҳиро дар саҳифаҳои ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

“Тоҷикистон”-ро ҷӯед, ёбед ва хонед, зеро “Рӯзнома зиёд, Тоҷикистон яктост!”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *