Панҷакент: Ҳар сол як комисар, инаш ҳам ба даст афтод

Корманди собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, майор Амонулло Шодиев бо гумони қаллобӣ ва гирифтани пора аз тарафи командони милитсия дастгир шудааст.

Майор Шодиев аз як даъватшаванда барои гурезонданаш 3000 сомонӣ «ҳаққи хидмат” гирифтааст, вале ин ҷавон дубора ба дасти «облава” афтодааст. Мақомот мегӯянд, Шодиев ҳанӯз моҳи апрел аз мақом барканор шуда буд, вале «бо ин вуҷуд дар дохили комиссариат озодона гаштугузор карда, ба қаллобӣ машғул буд.” Амонулло Шодиев, соли таваллудаш 10.03.1960 сокини деҳаи Урметани ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, ки то сани 02.04.2018 дар комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент кору фаъолият доштааст, бо вуҷуди аз вазифа рафтанаш ҳудуди 40 рӯз дар дохили комиссариати ҳарби озодона гаштугузор намуда, худро ҳамчун корманди ин даргоҳ муаррифӣ карда, ба фиреб ва қаллобӣ машғул будааст.

Номбурда санаи 03.05.2018 тақрибан соатҳои 20, ба як нафар даъватшаванда, ки солим будаасту бояд ба артиш фиристода мешуд, худро чун корманди комиссариат вонамуд карда барои озод кардан аз даъват ба артиши мамлакат, 3000 сомонӣ маблағи пулӣ талаб намудааст.

Пайвандони даъватшаванда ин маблағро ба ӯ медиҳанд ва собиқ майор Амонулло Шодиев даъватшавандаро мегурезонад.

Баъдан даъватшавандаро боз ба комисссариати ҳарбӣ меоранд ва ӯ иқрор мешавад, ки нагурехтаасту ба «корманди комиссариат” пул дода озод шудааст.

Вобаста ба ин амалӣ собиқ корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ, бо моддаи 247 қисми 2 банди «В” оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Коршиносон мегӯянд даъвати баҳории имсолаи ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар Панҷакент, нисбатан мушкил ҷамъбаст гардид, ки як омили асосиаш «савдо” ва ришвахорӣ дар комиссариати ҳарбӣ будааст.

Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ниҳодест, ки роҳбаронаш зуд – зуд иваз карда мешаванд. Дар 5 соли охир комиссари ҳарбии Панҷакент 5 маротиба иваз шудааст. Ҳоро роҳбарии комиссариати ҳарбии Панҷакентро подполковник Фирдавс Шарипов бар дӯш дошта, роҳбари комиссияи даъват Муҳаммадсобир Сафарзода мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *