Улфатшоеви хурдӣ аз дунё гузашт

Дирӯз соати 6:30 Шоҳрух Улфатшоев — писари ягонаи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев аз дунё даргузашт.

Тавре наздикони ин оила гуфтаанд, фарзанди Ахмадшоҳ Улфатшоев 55 сол дошт ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Табибон сабаби марги Шоҳрухро дар бори сеюм аз сар гузаронидани сактаи қалб арзёбӣ намудаанд. Шоҳрух Улфатшоев, ки дар маҳаллаи Испечак зиндагӣ мекард, соҳиби ду писару ду духтар буд.Ахмадшоҳ Улфатшоев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистондар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Улфатшоев солҳои 1981-1985 Директори театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ буд ва тақрибан тамоми умр дар ҳамин театр фаъолият кардааст. Аҳмадшо Улфатшоев ба ҷуз Шоҳрух боз ду духтар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *