Панҷакент: Дарахти 150-соларо ғайриқонунӣ буриданд

    Дарахти азими чинор, ки тахмин 150 сол инҷониб муҳити атрофи деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакентро зеб медод ғайриқонунӣ бурида шудааст. Тавре шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии мақомоти умури дохилии Суғд иттилоъ медиҳад, бо ҷурми буридани дарахти чинор як сокини деҳаи Ёрӣ боздошт гардидааст. Ӯ бо иҷозаи раиси маҳаллаи Таги Равоти деҳаи мазкур чиноре, ки 1метру 40 сантиметр қутр дошта баландиаш наздик 16 метрро ташкил медод буридааст. Мақомот мегӯяд, зарари чинорбурӣ ба муҳити экологӣ 1360-сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *