Панҷакент: Мушти бадмаст ба марг расонд

Бино ба иттилои ВКД ба ҳамин монанд ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 19-уми июли соли равон, тахминан соати 20:00-дақиқа, бо ҳамроҳии марди 38-солаи ҳамдеҳааш дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматии марди 39-сола, бо марди 37-солаи ҷамоати деҳоти мазкур ҷанҷол карда, охиронро лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *