Панҷумин «Бутсии тиллоӣ»-и Лионел Месси
Тавре сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Барселона» хабар медиҳад,
Лионел Месси, ҳамлагари дастаи «Барселона»-и Испания, ҳамчун нишонзани беҳтарини Чемпионати Аврупо сазовори ҷоизаи «Бутсии тиллоӣ» гардид.
Барандаи ҷоизаи «Бутсии тиллоӣ» аз рӯи шумораи голҳои задашуда муайян карда мешавад. Дар мавсими 2017/18 Месси дар 36 бозии қаҳрамонии футболи Испания 34 гол зада, беҳтарин нишонзан гардидааст.
Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоӣ Муҳаммад Салоҳ аз «Ливерпул»-и Англия бо 32 гол мақоми дувум ва Ҳарри Кейн аз «Тоттенҳэм»-и Англия бо 30 гол мақоми савумро ишғол карданд.
Пештар Месси ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқаҳои қаҳрамонии аврупоиро дар солҳои 2010, 2012, 2013 ва 2017 ба даст овардааст. Ба ин тартиб, Мессии аргентинӣ рекорд гузошт ва аз Криштиану Роналдуи португолӣ аз «Ювентус»-и Италия, ки чор бор барандаи «Бутсии тиллоӣ» шудааст, пеш гузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ