Чаро Улуғзода бо Турсунзода иваз шуд?

Дар заминаи ин ҳама талошҳо барои ҷалби аҳли илму фарҳанг Бобоҷон Ғафуров соли 1946  Сотим Улуғзодаро, ки аз тоҷикони Ӯзбекистон буд, аз вазифаи раиси правленияи Иттифоқи нависандагон сабукдӯш мекунанд. Тафсири ин қазия аз  забонҳо мухталиф садо медиҳад. Хусумати шахсӣ, рақобати носолим, адами ҳузури дарки ҳамдигар, иғвои нотавонон. Шояд ин ҳама  ҷой дошт. Асли воқеаро ин ду шахсияти нотакрор медонанд. Аммо Бобоҷон Ғафуровро намебояд ба ин содагӣ ва кӯтаҳандешӣ дарёфт, ки муносибати зеҳнгароёна сабаби дар ин сатҳ, боқатъият тасмим гирифтанашон гашта бошад. Рӯшан аст, ки зери коса нимкосае буд.

Солҳои чили асри бист рақобат миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шадид буд. Аслан он мусобиқаи сотсиалистиро мемонд: кӣ пештар аз супоридани нақшаи пахта назди Маскав рапорт медиҳад; кӣ дар рушди фарҳанги сотсиалистию интернатсионалӣ пешоҳанг аст?… Баътар он ба адабиёту фарҳанг ва варзиш асар кард. Алалхусус дар бозиҳои футбол миёни «Помир»-и Тоҷикистон ва «Пахтакор»-и Ӯзбекистон. Ҳангоми бозии ин ду даста чашми сокинони ду ҷумҳурӣ аз телевизион канда намешуд. Ин рақобати солим буд ва бояд чунин мебуд. Вале майдони адабиёт майдони бозии футбол нест. Танҳо машқ, заҳмати ҳаррӯза чун футболбоз наметавонист як нафар нависандаро ба майдон оварад. Решаҳои фарҳангии тоҷикон, ки берун аз марзи Тоҷикистон қарор доштанд, бетаъсир набуданд. «-Онҳоро,-мегӯяд собиқ раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Н. Додихудоев,- неруҳои носолими зиддитоҷикӣ мехостанд бар манфиати худ истифода баранд. Онҳо мегуфтанд, ки адабиёту фарҳанги Тоҷикистон бар дӯши касонест, ки зери таъсири мардуми турк дар водиҳо камол ёфтаанд. Бобоҷон Ғафуров нодурустии ин назар ва дорои истеъдоди баланд будани тоҷикони кӯҳистонро исбот кардан мехост. Сотим Улуғзода раиси правленияи Иттифоқи нависандагон буданд. Бобоҷон Ғафуров ӯро ҳамчун нависанда ва роҳбар эътироф мекарданд. Вале  як ғалати Сотим Улуғзода ба тасмими қотеонаи Бобоҷон Ғафуров бетаъсир намонд. Улуғзода болои сенарияи филме кор мекард. Аз ин Бобоҷон Ғафуров огоҳӣ доштанд. Як вақт он кас хабар ёфтанд, ки аз рӯи ин сенария дар ҳамсоякишвар филмбардорӣ мекунанд. Инро бахшида натавонистанд».

Мирзо Турсунзода —

раиси Иттифоқи нависандагон

Мирзо Турсунзода замоне Раиси правленияи Иттифоқи нависандагон интихоб гардиданд, ки миёни аҳли адаб шуҳрат ва маҳбубият надоштанд. Шуҳрат ва маҳбубият самараи заҳмат ва кори вақт буд. Бобоҷон Ғафуров барои чун осмон оламгир шудани моҳи нав, пушту паноҳи Мирзо Турсунзода мешаванд. Дар сафарҳо бо худ мебаранд, дар ҷаласаҳо садрнишин месозанд, ҳамсуҳбати Садриддин Айнӣ мекунанд.  «Тоҷикони ҷануб қобилияти бузурги ташкилотчигӣ доранд»,- ҳамеша такрор менамуданд Бобоҷон Ғафуров.

 Суханҳои носазо дар ҳаққи тоҷикони ҷануб, ки истеъдоди роҳбарӣ надоранд, ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Омода кардани кадрҳои маҳаллӣ ҳадафи дурандешонаи Бобоҷон Ғафуров буд. Ва дар ин роҳ сахт пайкор мекунанд.

Соли 1947 Бобоҷон Ғафуров Мирзо Турсунзодаро ба Деҳлӣ, ба Конференсияи кишварҳои Осиё ва Африқо мефиристанд. Баъди бозгашт ӯро шаш моҳ дар қароргоҳи Ҳукумат ҷой мекунанд. Ҳосили меҳнати шашмоҳа силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» буд, ки бо дастгирии Бобоҷон Ғафуров ба мукофоти давлатии СССР пешниҳод мегардад. Мирзо Турсунзода Лаурияти мукофоти давлатии СССР  мешавад. Бобоҷон Ғафуров ба ин васила ба онҳое, ки тоҷикони ҷанубро аз адабиёту фарҳанг дур медонистанд, исбот намуд, ки тоҷикон, новобаста ба маҳал, истеъдоди бузурги роҳбарӣ ва нависандагӣ доранд.

Ӯ такя ба кадрҳо, кадрҳои соҳибистеъдод мекард. «Кадри беҳунар, футури пояи давлат аст»,- мегуфтанд Бобоҷон Ғафуров. Истеъоди давлатдорӣ ҳам чунин муносибатро тақозо дорад.

Имрӯз фазо комилан дигар аст. Агар он замон зарурати кофтану ёфтани истеъдодҳо дар ҷануби Тоҷикистон ба миён омада буд, имрӯз ба ҷаҳониён собит шуд, ки тоҷикони минтақаи ҷануб дорои  фазилат истеъдоди бузурги идора кардани давлат мебошанд.

Миссияи дипломатӣ

Сафари Бобоҷон Ғафуров ба Тошканд

Бобоҷон Ғафуров асоси пешрафти Тоҷикистонро дар густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан Ӯзбекистон медиданд.  Соли 1946 Ғафуров Котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон интихоб мешаванд. Он замон Усмон Юсупов Котиби якуми КМ Партияи Коммунистии Ӯзбекистон буд. Муносибати хуби ӯ бо Иосиф Сталин фазои густурдаеро дар ин кишвар фароҳам сохта буд. Як сухани Усмон Юсупов бас буд, ки ҳар мушкиле, ки дар Осиёи Миёна бошад, ҳал гардад. Ин кормандони масъул, сарпарастони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар Маскав ба таҳлука андохта буд. Онҳо зери лаб дандон мехоиданду ҳарфе аз даҳон берун сохтан наметавонистанд. Бо дасти дигарон ҳарифро мағлуб сохтан, тафриқа андохтану ҳукумат рондан хоси ин ашхос буд. Тоҷикистон ҳадафи онҳо қарор мегирад. Бобоҷон Ғафуров дастур мегиранд, ки ба Ӯзбекистон сафар анҷом диҳанд ва дӯстона ба Усмон Юсупов гӯянд, ки роҳи интихобкардааш нодуруст аст, аз аксу овоезаҳояш дар Тошканд бӯи шахспарастӣ меояд.

Чаро ӯ? Чаро Маскав шахсеро, ки нав котиби аввал интихоб шудааст, бо чунин «миссияи дипломатӣ» мехоҳад ба даҳони аждаҳо андозад, дар заминаи мушкилоти мансубияти таърихӣ муносиботи бе ин ҳам тезутунди ду ҷумҳуриро муташанниҷтар созад? Ӯ хуб дарк мекунад, ки гуфтани ин ҳарфҳо чӣ вокунишеро аз ҷониби Усмон Юсупов ба бор меоварад? Шояд нармтарини он «Бирав, Бобоҷон, ту ҳанӯз ҷавон ҳастӣ, кори худро бидон!» бошад. Рад кардани иҷрои  супориши Маскав низ имконнопазир буд. Бобоҷон Ғафуров дар дуроҳа қарор дошт. Ӯ иҷрои ин супориши дипломатиро ба гардан ва омодагӣ ба сафар мегиранд.

Оғози ин сафар худро ба оғӯши шаби тору дарёи беканор андохтан буд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд Бобоҷон Ғафуровро истиқбол мегиранд ва рост ба дафтари кори Усмон Юсупов меоранд. Усмон Юсупов бо чеҳра ва лаҳни ба худаш хос меҳмонро пазироӣ мекунад ва дар рафти суҳбат мепурсад:

— Чӣ хидмат?

Бобоҷон Ғафуров худро ба даст мегирад, сарашонро такя ба бозуи рост дода, бо чашмони гиро ба роҳбари Ӯзбекистон менигаранд:

— Ман котиби ҷавон ҳастам, таҷрибаи кофӣ надорам, шумо роҳбари собиқадору соҳибтаҷриба ҳастед, омадам, ки аз шумо кор омӯзам. Зери ин суханон воқеият нуҳуфта буд. Усмон Юсупов аз соли 1937 котиби якум — шахси аввали Ӯзбекистон буд. Тройка ва репресияи сталинӣ, мушкилоти Ҷанги Бузурги Ватаниро аз сар гузаронида буд. Оҳане буд  дар кураи сиёсат ба пӯлод мубаддалгашта.

Нигоҳ, сухани Бобоҷон Ғафуров ба Усмон Юсупов писанд омад. Ӯ оғӯши муҳаббат боз намуд. Шахсан Бобоҷон Ғафуровро барои шиносонидан бо корхонаҳои шаҳри Тошканд ҳамроҳӣ менамояд. Ҳатто имкон фароҳам меорад, ки Бобоҷон Ғафуров дар бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон иштирок кунад. Сафар ба анҷом мерасид, вале ҳанӯз фурсати муносиби иҷрои супориши Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттифоқи Советӣ фаро нарасида  буд.  Ҳангоми бозгашт Бобоҷон Ғафуровро Усмон Юсупов шахсан гусел мекунад. Ҳини гузаштан аз хиёбонҳои шаҳри Тошканд Бобоҷон Ғафуров ба аксҳои дар биноҳо овехтаи Усмон Юсупов ишора карда мегӯяд, ки онҳо чандон ба  ӯ муносиб нестанд.

 -Ман инро медонистам, имрӯз мефармоям онро бо акси   беҳтаре  иваз намоянд, -мегӯяд дар ҷавоб Усмон Юсупов.

Ҳангоми гусел ин ду шахсияти таърихӣ ба ҳам чӣ гуфтанд, танҳо худашон медонанд. Ҳамин қадар рӯшан аст, ки таассуроти неки онҳо аз ҳамдигар заминае барои муносиботи неки ду ҷумҳурӣ гузошт.

Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе бармегардад ва ба Маскав аз иҷрои супориш ҳисобот медиҳад. Миссияи дипломатӣ ба хубӣ анҷом пазируфт. Ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёр наранҷид.

Шариф Ҳамдампур (Давом дорад)

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *