Пан Юнхе ба Тоҷикистон меояд

Рӯзҳои 15-17 майи соли ҷорӣ  ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои Халқии сиёсӣ ва машваратии  Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти сарварии раиси комиссияи мазкур Пан  Юнхе ба Тоҷикистон меояд.

Тавре ки Муҳамадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, дар давоми ду рӯзи сафари корӣ ҳайати мазкур бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва дигар шахсони воломақоми Ҳукумат мулоқот менамоянд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки зимни сафари корӣ ба Тоҷикистон ҳайати мазкур    таҳти сарварии  Пан  Юнхе аз Осорхонаи миллӣ,  «Кохи Наврӯз». Майдони «Дӯстӣ» ва боғи Устод Рӯдакӣ, Неругоҳи барқи обии шаҳри Норак ва аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон дидан намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *