Пандаҳои Боғи ҳайвоноти Маскав ғолибони олимпиадаро пешгӯӣ карданд
Пандаҳо (хирсҳо)-и Боғи ҳайвоноти Маскав ғолибони Бозиҳои зимистонаи олимпиро, ки аз 4 то 20-уми феврал дар Пекин баргузор мешавад, пешгӯӣ карданд. Дар ин бора сомонаи мири шаҳр хабар додааст.
Ба гуфтаи Светлана Акулова, мудири кулли боғи ҳайвонот, пешгӯиро пандаҳо Жуи ва Диндин анҷом додаанд. Ба онҳо барои пешгӯӣ конусҳо бо парчамҳои кишварҳои иштирокчие пешниҳод шудаанд, ки шумораи бештари варзишгаронро дар мусобиқа намояндагӣ мекунанд. «Дар бораи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки имсол макони баргузорияш Пекин хоҳад буд, агар онҳо набошанд, кӣ пешгӯӣ мекунад? Охир, панда рамзи миллии Чин аст”,- зикр намудааст ӯ.
Ҳамин тавр, ба Диндин конус бо байрақҳои Чин, Шветсия, Голландия, Русия ва Австрия рост омадааст. Жуи бошад, Норвегия, Канада, ИМА, Швейтсария ва Олмонро интихоб кардааст. Аз рӯи фарзияи ҳайвонҳо, Русия, Чин, Олмон ва ИМА аз ҳисоби дастаҳои олимпӣ пешсаф мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ