Папаи Рим: Исломро ба таҷовуз ва терроризм гунаҳгор накунед!
Ахиран Папаи Рим — Франтсик дар ҷамъомади католикҳо ,ки дар он қишри Мусалмони ҷомеаи Рим ҳузур доштанд, арз намуд, ки Вао ҳуқуқ надорад дини Исломро ба таҷовузу терроризм гунаҳгор созад, зеро асосу пояи терроризм на гаравидан ба ислом балки бурун омадан аз қонуну қавоини ин дин буда, рафтори ғайриисломӣ, ғарқа шудан ба моли дунёӣ, пул ва шаҳват аст.
Дар посух ба суоли журналистон, ки « Пас ба ин чӣ мегӯед, ки гурӯҳи терористии ДИИШ куштори ваҳшиёнаи рӯҳонии 85- солаи фаронсавиро ба зима гирифтаанд?» чунин посух дод:
« Ман фикр мекунам, ки ин кори шумо нодурустаст, ки дар амали ғайриинсонии ин гӯрӯҳи ба номи ислом иснод оваранда ин дини ҳидояткунандаи инсонҳо ба некию ростагориро гунаҳгор месозед. Зеро аслан хатои бузург аст, дар симои Ислом таҷовузу ваҳшониятро тасаввур кардану ба дигарон нишон додани ин ки ислом таҷовуз аст. Ин ақида нодуруст ва аз доираи ақл берун аст».
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26- уми июл гурӯҳи ДИИШ куштори ваҳшиёнаи рӯҳонии 85- солаи католик дар Фаронсаро ба дӯши худ гирифт, дар ҳоле ки бо ҷурми куштор ашхоси тамоман аз дини ислом хабар надошта: Адел Кермиш ва Абдель-Малик Петиҷони 19- сола, ки ғазаболуд вориди масҷиди католикҳо шуда гардани мӯйсафеди рӯҳониро бурида буданд, дасгир шудаанд.
« Ман фикр мекунам, ки дар ҳар дин ҳам намояндаи хуб аст, ҳам бад. Чӣ шумо гумон мекунед, ки ҳамаи намояндаҳои католизм «биҳиштӣ-янд?»- гуфта, суханашро Папаи Рим бо ин ҷумлаҳо хотима бахшидааст:
« Ман шахсан намехоҳам, ки «зӯроварӣ дар Ислом», байни мусалмонон ҳарф занам, зеро ингор маро лозим меояд, ки бобати ваҳшонияти католикҳо низ сухан кушоям. вақте, ки рӯзномаҳоро варақ мезанам, ҳамарӯза бобати зӯроварӣ, шиканҷаи оилавии католикҳои Итолиё мехонам, ки марди католике бо ваҳшоният духтари худро куштааст ё хушдоманашро оташ задаст ё чизи аз ин бадтар. Ва ин ҳама на «калимаи шаҳодат»- и Ислом, балки таъмид (крешения»- и католикҳост. Вақте ,ки ман бобати истинтоқи занҳо аз ҷониби мардҳои мусалмон лаб кушодани бошам, маро лозим аст, ки сараввал бобати таҷовузи ҳуқуқи инсон аз ҷониби табақаи эътиқодманди католизм ҳарф занам».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ