Тарабхонаи  “Самовор” дар Амрико

    Зодаи Тоҷикистон, соҳиби пешини чойхонаи “Раҳат” Солеҳҷон Насимов дар шаҳри Роквилли ИМА тарабхонаи шахсии худро бо номи “Самовор” ифтитоҳ карадааст. Дар ин бора машҳуртарин нашрияи чопи ИМА The Washington Post  иттилоъ додааст.

 Дар мақолаи сомонаи ин нашрия, ки бо номи “Дар Самовор” беҳтарин анъанаҳои чойхонаи тоҷикӣ эҳё мешавад” чоп шудааст, аз ҷумла омадааст, ки солҳои 1990 хонаводаи Насимовҳо дар маркази шаҳри Душанбе соҳиби чойхонаи хеле машҳури “Роҳат” буд.

 Дар он солҳо ин чойхона рӯзе то ба 2 ҳазор нафар хизмат мерасонд ва сарошпази он борҳо ба дарёфти ҷоизаҳои гуногун мушарраф шудааст. Зимнан ошпазӣ барои ин хонавода кори аҷдодист. “Чойхона кори тиҷоратии чандин насли ин авлод будааст.

 Солеҳҷон онро аз падараш Турдихон Ашур-Охунов охири солҳои 1970 гирифт. Миёни меҳмонони ин чойхона маҳшуртарину маъруфтарин адибону ҳунармандон ва сиёсатмадорон буданд”,- гуфтааст Солеҳҷон дар суҳубаташ бо нашрия. Соли 1993 вай ба Ӯзбакистон рафт ва як сол баъд ба ИМА ҳиҷрат кард. Ҳамон сол вай аввалин ресторони худро дар шаҳри Ню-Йорк боз кард. Соли 1999 ба Душанбе боргашт, то чойхонаашро фурӯшад ва барои тамоми умр ба Амрико равад.

 Таомномаи ин тарабхона аз таомҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Русия ва Гурҷистон ва баъзан аз хӯрокҳои уйғурҳои Чин фароҳам шудааст. «Ин ба манзалаи як Иттиҳоди Шӯравии кӯчак аст”, гуфтааст набераи Солеҳҷон Таҳмина Насимова. Соҳиби “Роҳат” тарабхонаи худро дар Роквилли Иёлоти Мэриленд, ки соли 2005 бо хонаводааш ба ин ҷо кӯчида буд боз кард.

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *