“Парасту-2023: Ғолибон ном ба ном

Шоми 4-уми майи соли равон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2023” ҷамъбаст гардид.

Ғолибони фестивал ном ба ном:

ҶОИЗАИ МАХСУСИ ДОВАРОН:

1. Ҷоизаи махсуси Раиси ҳайати ҳакамон, академик Кароматулло Олимов ба спектакли “ТАЪБИРИ ИШҚ”-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов аз рӯйи асари Н. Ганҷавӣ ва Ҷ. Балхӣ, режиссёр Ҷ. Аминов.

2. Ҷоизаи махсуси узви ҳайати ҳакамон, драматург ва нависанда Тоҳири Муҳаммадризо ба РУХШОНА КӮЧОВА — актрисаи Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи М. Воҳидови ноҳияи Ашт барои иҷрои нақш дар спектакли Х. Дадоҷонов «Ду роҳ», режиссёр Х. Дадоҷонов.

3. Ҷоизаи махсуси узви ҳайати ҳакамон, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова “барои таҷассуми симои зан” ба МУҲАРРАМА АБДУРАЗЗОҚОВА — актрисаи Театри давлатии ўзбекии драмавӣ — мусиқии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен барои иҷрои нақши модар дар спектакли Қ. Мирзоев «Меҳри модар», режиссёр Т. Маликов.

4. Ҷоизаи махсуси узви ҳайати ҳакамон, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова “барои таҷассуми симои зан” ба ЗАМИРА ЮЛДОШЕВА — актрисаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барои иҷрои нақши модар дар спектакли В. Сигарев «Қисмат», режиссёр С. Шехов.

ҶОИЗАИ МАХСУСИ БА НОМИ ХУШНАЗАР МАЙБАЛИЕВ, ки “Парасту-2023” ба бузургдошти эшон бахшида шуда буд, барои ҷустуҷуҳои эҷодӣ ва ҷасорат дар коргардонӣ:

1. НОЗИМ МЕЛИКОВ — режиссёри Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов барои таҳияи асари А. Камю «Иштибоҳ».

2. РАЪНО РАҲМАТУЛЛОЕВА — Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бўстон барои таҳияи спектакли Р. Мелников «Зистан мехоҳам».

ҶОИЗАҲОИ МАХСУСИ “ПАРАСТУ-2023”:

1. Беҳтарин асари камеравӣ — спектакли С. Могилевсев «Дугоникҳо», режиссёр С. Алимов, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара.

2. Беҳтарин нақши лӯхтак — нақши Уқоб аз спектакли Т. Мамадризоев «Қуллаи мурод», режиссёр А. Абдураҳмонов, Театри лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар.

3. Беҳтарин нақши эпизодӣ — ҲИКМАТУЛЛОҲ АҲАДОВ — актёри Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд.

4. Беҳтарин асари таърихӣ — “Катан”-и Файзи Ашӯр (аз рӯйи романи Аҳмади Аброҳим), режиссёр М. Миров, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кўлоб.

5. Беҳтарин ороиши саҳна — ҶАМШЕД ХОЛИҚОВ — рассоми Намоиши В. Гюго «Горбун из Нотрдама», режиссёр Суҳроб Усмонов, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ.

6. Беҳтарин нақши занона — МОҲПАЙКАР ЁРОВА барои иҷрои нақши модар дар спектакли А. Камю «Иштибоҳ», режиссёр Нозим Меликов, режиссёри Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов.

7. Беҳтарин нақши мардона — ҶОБИРШО ХУБОНШОЕВ — актёри  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ, барои иҷрои нақши асосӣ дар спектакли М. Фор “Савдо», режиссёр У. Хисравов.

8. Беҳтарин асари драматургӣ — ТОЛИБИ ОЗАРАХШ — барои асари “Гулҳои паси панҷара”, пешниҳоди Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи О. Назарови шаҳри Хуҷанд, режиссёр Темур Султонӣ.

9. Беҳтарин коргардон — СУҲРОБ УСМОНОВ — барои намоиши В. Гюго «Горбун из Нотрдама» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ.

ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ:

Ҷойи сеюм — Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ, бо спектакли М. Фор “Савдо», режиссёр У. Хисравов.

Ҷойи дуюм — Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, бо намоиши А. Фирдавсӣ «Зол ва Рудоба», режиссёр Б. Қурбонзода.

Ҷойи якум — Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши Ч. Айтматов «Пораабри сафеди Чингизхон», режиссёр С. Усмонов.

ШОҲҶОИЗАИ “ПАРАСТУ-2023”:

Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский бо намоиши М. Булгаков «Мастер ва Маргарита», режиссёр Х. Мустафоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *