6-7-уми май Тоҷикистонро ҳавои номусоид интизор аст

Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6-7-уми май дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин асос Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ таъкид мекунад, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд боронҳои пуршиддат ва ҳатто жола борида, раъду барқ рух медиҳад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо шамоли сахт вазида, хатари зарар дидан аз барқ (чароғак) вуҷуд дорад. Дар роҳҳои куҳӣ ва ағбаҳо хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг вуҷуд дорад.

Ҳамчунин кумита ҳушдор медиҳад, ки эҳтимол сатҳи об дар рӯдхонаҳои ҷоришаванда аз қаторкуҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара боло равад.

Дар ҳамин иртибот кумита аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафару сайёҳатҳои куҳӣ ва молчарониву корҳои кишоварзӣ худдорӣ кунанд, зеро хатари садама дар ин рӯзҳо зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *