Парчами низоми Ҷумҳурӣ ҳанӯз бар дари вурудии Сафорати Афғонистон дар Маскав пойбарҷост
Талоши толибон барои дар ихтиёр гирифтани идораи Сафорати Афғонистон аз замони ба қудрат расиидани ин гуруҳ то акнун бидуни вақфа ҷараён доштааст. Бо вуҷуди ин ки аксарияти сафоратхонаҳои Афғонистон дар хориҷ аз кишвар ҳанӯз ҳам аз гуруҳи толибон итоат намекунанд, аммо толибон лоақал тавонистаанд дар чанд мавриди маҳдуд муваффақияҳое дошта бошанд.
Аз ҷумла, Покистон нахустин кишваре буд, ки намояндаи толибонро дар сафорати Афғонистон дар Исломобод пазируфт. Ба ҳамин тартиб мулло Муттақӣ, вазири хориҷаи толибон муваффақ шуд, то дохили сохтмони сафорати Афғонистон ба Анқара биравад.
Чунон ки ҳувайдост, Қатар минҳайси валинеъмати толибон сафорати Афғонистонро дар ихтиёри ин гуруҳ қарор додааст. Ва аммо ҳеҷ кадом аз ин муваффақиятҳо ба андозаи таҳвилдиҳии сафорати Афғонистон дар Маскав барои толибон хушоянд набудааст.
Дар Афғонистон ҳамеша Русия минҳайси кишвари мухолифи бунёдгарони мазҳабиву терроризм дида мешуд ва толибон бархӯрдор аз ҳардуи ин сифат ҳастанд. Аз ҷониби дигар, алоқамандии толибон барои ҳимоят аз гуруҳҳои ифротӣ дар Осиёи Миёна, ки Русия ба он минтақа ба дидаи ҳарими амнияти миллии хеш нигоҳ мекунад, омили дигаре буд, ки фикр мешуд русҳо ҳаргиз бо гуруҳи террористии толибон сари созиш нахоҳанд дошт. Аммо бар хилофи тамоми ин интизорот равобити Русия бо толибон аз чанд соли бад-ин сӯй гармтару наздиктар шуда рафт, то он ҷо, ки толибон табдил шуданд ба як дӯст ё муттаҳиди Русия дар минтақа.
Нишасти Чину эъломияи Лавров
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин эълон кард, ки Русия ҳозир аст дипломати толибонро минҳайси намояндаи расмии Афғонистон дар Маскав бипазирад. Бо ин ки ин хабар зиёд ҳам ғайримутараққиба набуд, зеро аз чанд сол ба ин сӯй Русияи равобити танготанге бо толибон дорад, то онҷо, ки фаъолини шабакаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон ба Замир Кобулов, намояндаи хоси Вазорати хориҷаи Русия дар умури Афғонистон лақаби Залмай Халилзоди дуввумро ба хотири ҳимояту пуштибонҳояш аз толибон додаанд, аммо фикр намешуд, ки давлати Русия намояндаи толибонро ба ҳайси дипломат дар Маскав бипазирад, зеро толибон ҳанӯз ҳам ба асоси қавонини Русия як гуруҳи террористиву мамнуъ дар ин кишвар мебошанд.
Манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Маскав, ки хост ҳувияташ маҳфуз бимонад, ба хабаргузории Ориё-пресс ҷараёни таҳвилдиҳии сафорати Афғонистон ба толибонро чунин ривоят кард:
Дар моҳи феврали соли 2022 Ҷамол Носир Ғарвол аз ҷониби Вазорати хориҷаи толибон ба ҳайси котиби дувуми сафорат муаррифӣ гардид. Доктор Сайид Тайиби Ҷавод, сафири Афғонистон дар Маскав бо тақаррури Ғарвол мухолифат нишон дод ва ӯро ба Вазорати хориҷаи Русия ба ҳайси дипломати афғонистонӣ муаррифӣ накард, лизо Вазорати хориҷаи Русияи корти диплумотик ба Ғарвол содир накарда, ӯро минҳайси дипломат ба расмият нашинохт.
Аммо дар ин авохир Вазорати хориҷаи Русия хилофи тамоми усули идориву диплумотик ба Ҷамол Носири Ғарвол корти диплумотик содир карда, визаи сесола ба ӯ дод. Дар ҳамин замон буд, ки фишорҳои Вазорати хориҷаи Русия дар мавриди таслимдиҳии сафорати Афғонистон ба толибон бар сафири Афғонистон афзоиш ёфт.
Замоне ки сафири Афғонистон эҳсос мекунад, ки русҳо тамоюл ба супурдани сафорати Афғонистон ба толибон доранд, тақозо мекунад то бо масъулини Вазорати хориҷаи Русия мулоқот кунад. Ба таърихи чаҳоруми апрели соли 2022 сафири Афғонистон бо муовини Замир Кобулов, Алберт Павлович Хорев ва теъдоде аз аъзои тими Кобулов мулоқот мекунад. Дар ин мулоқот сафири Афғонистон ба русҳо тазаккур медиҳад, ки агар дар садади таҳвилдиҳии сафорат ба толибон ҳастанд, сафир ҳозир аст сафоратро ба Вазорати хориҷаи Русия таҳвил бидиҳад, то баъдан онҳо онро дар ихтиёри толибон бигузоранд. Вазорати хориҷаи Русия бо ин дархости сафири Афғонистон мувофиқат намекунад ва исрор меварзад, то сафир шахсани сафоратро ба Ҷамол Носири Ғарвол, намояндаи толибон таҳвил бидиҳад. Оқои Сайид Тайиби Ҷавод ин хости Вазорати хориҷаи Русияро намепазирад ва дар баробари он муқовимат мекунад.
Дар ниҳоят тасмим бар ин мешавад, ки кормандони сафорат бидуни кадом мушкил то охири моҳи апрел ба кори худ идома бидиҳанд, то дар ин муддат дар мавриди сарнавишти сафорат тасмим иттихоз гардад. Аммо як рӯз пас аз ин мулоқот, яъне ба рӯзи сешанбеи панҷуми апрел мактубе аз Вазорати хориҷаи Русия ба сафорати Афғонистони мувосилат меварзад, мабнӣ бар ин ки сафиру кормандони сафорат фақат то хатми ҳамон ҳафта (яъне то се рӯзи дигар) бояд сафоратро таҳвили намояндаи толибон кунанд.
Пас аз расидани мактуби Вазорати хориҷаи Русия ба сафорати Афғонистон, ки шабеҳи як ултиматум буд, кормандони сафорат оғоз мекунанд ба тартибу танзими асноди сафорат. Пас аз ҷамъовариву тартибу танзими аснод, кормандон калидҳои сафоратро ба оқои Муҳаммадсидиқ, аз кормандони маҳаллӣ таҳвил додаву ҳамаи аъзои сафорат, дипломатҳову кормандони маҳаллии намояндагии диплумотики Афғонистон дар Маскавро барои ҳамеша тарк мекунанд.
Рӯзи шанбеи нуҳуми апрел сарпарасти тоза муаррифишудаи сафорат ҳамроҳ бо ҷамъе аз афғонистониҳои муқими Маскав, ки ҳама аз ҳаводорони толибон ба шумор мераванд, ба сафорат меоянд. Нахуст нигаҳбонони сафорат онҳоро иҷозаи дохил шудан намедиҳанд, аммо баъд аз мушоҷараву ҷадали лафзӣ билохира нигаҳбонон дарвозаи сафоратро ба рӯй Ғарвол ва ҳамроҳонаш мекушоянд.
Бад-ин тартиб Вазорати хориҷаи Русия бо зӯру хилофи тамоми усулу арзишҳои пазируфташудаи диплумотик сафорати Афғонистонро ба толибон таҳвил медиҳад.
Манбаъ: ariapress.org
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ