Пардохти маблағи таҳсили 145 донишҷӯ аз бунёди хайрия
Сандуқ ё бунёди хайрияи «Вақф»-и назди Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон маблағи таҳсили 145 донишҷӯи ӯзбекро пардохт. Маҷмуи харҷи таҳсили ин донишҷӯён наздики 146 ҳазор долларро ташкил медод.
Маркази матбуотии бунёди мазкур 28 ноябр хабар дод, ки дар ин бора дар ҷараёни ҷамъомади муаррифии «Таваҷҷуҳ ба илм — таваҷҷуҳ ба оянда» иттилоъ дода шудааст.
Бунёди мазкур ҳамчунин барои сармоягузории фаъолияти муассисаҳои таълимии динӣ, марказҳои пажуҳишӣ, сармоягузории донишҷӯён, профессорон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии динӣ 20 ҳазор доллар харҷ кардааст. Бунёд ҳамчунин ба бахшҳои дигар дар маҷмуъ наздики 403 ҳазор долларро тақсим кардааст.
Сандуқи хайрияи «Вақф» 10 майи соли 2012 таъсис шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ