Ҳаво имрӯз абриву бебориш мешавад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи бебориш   дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7, рӯзона  +6+11 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,      дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман  дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8   ва дар баъзе ҳолатҳо то 15-20 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +2+7  ва рӯзона  10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +14+19   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда   шуда, ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба  13+18  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат  шабона 3+5  ва рӯзона +15+17  дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *