Парисои Самарқандӣ -як шохаи шеъри тоҷикӣ

Дилшоди Фарҳодзод

Баъзе андешаҳо перомуни шеъри Парисо

Дар даҳсолаҳои охирин хонандаи тоҷик якчанд баёзу маҷмӯаҳоеро мураттаб аз намунаҳои шеъри шоирагони асримиёнагӣ ва муосир дастрас намудааст, аз қабили “Бисту се адиба” (мураттиб Тоҷӣ Усмон), “Аз Робия то Адиба”(мураттиб Ҳоҷӣ Ғайрати Шокирӣ). Гузашта аз ин ҳамзабонони эронӣ доктор Масъуди Миршоҳӣ (таҳиягари китоби “Дурри дарӣ дар Самарқанду Бухоро”) ва Меҳрӣ Шоҳҳусайнӣ (таҳиягари китоби “Занони порсигӯи ҳафт шаҳри ишқ”) дар тартиб додани тазкираҳое аз ин қабил саҳм гирифтанд, ки дар ду китоби охирини номбурда ҳатто барои шеъри шоирагони тоҷикзабони Ӯзбекистони ҳозира низ саҳифаҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд. Ин нишонаи он аст, ки имрӯз шеъри зани тоҷик ҳам дар назди хонандаи ҳамзабон мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибор қарор гирифтааст.

Дар худи ҷумҳурии Ӯзбекистон ба табъ расидани маҷмӯаву баёзҳои мутааддид амсоли “Таронаҳои Самарқанд”, “Армуғони Самарқанд”, “Мадҳияи Самарқанд”, “Сарводаи Сурхон”, “Ҷилои ахтарони Сӯх” ва чандин маҷмӯаҳои дигар низ боиси муаррифӣ гаштани шеъри бонувони порсигӯ дар ин кишвар гардид.

          Маълум аст, ки имрӯз шеъри тоҷик берун аз хоки Тоҷикистон дар ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сифати як шохаи таркибии он дар нумӯст. Кори арзишманде, ки дар омӯзишу тадқиқи вазъи инкишофи шеъри форсӣ дар ин сарзамин ба анҷом расидаааст, рисолаи собиқ сафири Эрон дар Ӯзбекистон Ҳабиб Сафарзода бо унвони «Форсисароёни Ӯзбекистон» аст. Он аз корҳоест, ки бори нахуст дар мавриди вазъи инкишофи адабиёти ватанӣ нисбатан муфассал навишта шудааст. Аҳамияти илмии ин пажўҳиши илмӣ боз дар он ифода меёбад, ки ҷараёни инкишофи назми форсии кишвар дар он ба тарзи хронологӣ нишон дода мешавад ва мушаххасоти шеъри шоирони ҷавон, яъне насли имрӯза, дар асоси таснифи мавзӯъи шеър ва корбасти услубҳои нави эҷодӣ шарҳ ёфтааст.

Илм ва адабиёти бадеии тоҷик дар ин кишвар асосан дар ҳавзаҳои Сурхондарёву Самарқанд ва Фарғонаву Тошканд идома меёбад. Дар ҷодаи шеър  асосан шоирагони ҳавзаҳои Сурхондарёву Самарқанд қаламфарсоӣ мекунанд. Шумораи шоирагони порсигӯ дар ҳавзаҳои Тошканду Бухорову Фарғона нисбатан камтаранд. Шеъри шоирагони ӯзбекистониро мувофиқ аст, ки бо назардошти синну соли онҳо дастабандӣ кард, зеро ҷараёни асосии фаъолияти эҷодии баъзеи онҳо дар замони собиқ шӯравӣ гузаштааст. Гурӯҳи дигари шоирагон бонувоне ҳастанд, ки шеърҳояшон асосан баъд аз истиқлоли кишвар муаррифӣ шудаанд. Дар ин силк метавон Саидаи Синавӣ, Маъсума Бобокалонова, Зебуннисо Ҷўраева, Шаҳнозаи Сулаймон, Сурайё Раҳмонова, Зебуннисои Тоҳириён, Шаҳзода Назарзода, Саидаи Камолзод, Парисо, Дилшоди Фарҳодзод, Дилрабо Насимиро ном бурд.

Доираи адабии Самарқанд фаъолтарин қисмат дар адабиёти тоҷикии муосири Ӯзбекистон аст ва шумораи бонувони чакомасаро дар он нисбат ба миқдори мардони шеъргӯ кам бошад ҳам, шеъри онҳо аз назари дастовардҳои ҳунарӣ камарзиш нест. Парисо аз ҷумлаи шоирагони самарқандист, ки шеъраш дар байни ҳамзабонон маъруф аст ва ба воситаи баёзҳое, ки дар кишвар ва берун ба табъ расидаанд, ҳамчун шоираи боистеъдод муаррифӣ шудааст. Мавзӯи ишқ, таърих, масоили иҷтимоӣ мавриди таваҷҷӯҳи ӯ дар шеъранд. Ҳарчанд ҳамагӣ як маҷмӯа — “Марвориди ишқ”-ро ба табъ расонидааст, шеърҳояшро аз тариқи интернет ба ҳаводоронаш мерасонад.

Парисо дар жанрҳои суннатӣ ҳамчун ғазал, шаклҳои нави шеърӣ чун нимоиву сафед эҷод мекунад. Зимнан андешаҳои Ҳабиб Сафарзодаро иқтибос овардан бамаврид аст, ки дар мавзӯи вижагиҳои шеъри нави шоирони ӯзбекистонӣ изҳори назар кардааст. Ӯ мегӯяд: “Бо ин ки дар адабиёти муосири форсии тоҷикии Ӯзбекистон, шеъри озод нисбат ба шеъри сапед бештар рушд пайдо кард, дар ашъори баъзе аз шоирон хусусан дар ҷойгузинӣ ва корбурди калимот ва офаридани тасвир ва ҳифзи зарбу вазн ва оҳанг дар мисраъҳо, камбудиҳо ва нуқсҳое ба чашм мехӯрад. Бавижа, дар шеъри шоироне чун Хоҷа, Шаҳзода, Парисо ва Дилшоди Фарҳодзода, ки дар қолаби шеъри сапед суруда шудаанд, ин гуна нуқсҳо бештар ба назар мерасанд. Яъне метавон гуфт, ки ҳанӯз мактаби адабии сапедсароён, ба таври комил ва мушаххас ба вуҷуд наомадааст ва баъзе аз мунтақидону алоқамандони адабиётниз нисбат ба ин навъи шеър, бархӯди манфӣ доранд.”

Дар шеърҳои охирини шоира муроҷиат ба масъалаҳои иҷтимоиву ахлоқӣ нақш дошта, гоҳо мазомин хусусияти киноявӣ касб намудаанд, чунончи дар шеъри «Барги карам» шоира дар бораи баҳри сарватғундорӣ ба хориҷ равона шудани мардум ва натиҷаҳои ногувори он бо изтироб ҳарф мезанад. Карам дар ин шеър ба маънои номи яке аз сабзавот ва маҷозан барои ифодаи доллари амрикоӣ омадааст:

…Духти деҳқонам,

мо ҳама фарзанди деҳқонем,

лек дурафтодагони хоки эҳсонем

аз карамҷўӣ,

аз карамхўрӣ, карамхўӣ.

Баҳри мо як сафҳаи барги карам бошад

бартар аз як сафҳаи шеъри бузург имрўз,

ҳар муамморо калиди қуфл

гўиё дар сафҳаи барги карам мармуз.

 

Дуртар аз киштзори ман

дар канори боғи як шоир

булбуле овоз мехонад:

“Карам — ширин,

ҳақиқат — талх !

Куштааст ин талхӣ лаззатро

дар ғизои зиндагӣ кайҳо …

Доираи мавзўоти шеърии шоира аз ҳисоби муроҷиати ў ба ишқ, ба таърих, ситоиши шахсиятҳои маъруфи ҷомеаи имрўза ва симоҳои бузурги адаби форсу тоҷик, ормонгароии миллӣ ва масоили иҷтимоӣ густурда аст. Як ҷиҳати хусусиятноки ашъори сафеди эҷодкор тўлонӣ будани сухан ва ин далели он аст, ки ў барои гуфтан дарду розҳои зиёд дорад.  Таваҷҷӯҳ мекунем ба ин шеъре, ки ба устоди адабиётшинос Садрӣ Саъдиев бахшидааст.

 

          СӮЗАНГАРИ ФАРҲАНГ

Ту чун сӯзангари нозукадои давр

Ба таҳқиқи сухан кардӣ аҷоиб сӯзане тайёр,

Сипас бо нӯки ин сӯзан ҳамоно нуқта бо нуқта ва ҳарфоҳарф

Даруни хирмани фарҳангу маънӣ ҷустаӣ бисёр

Аз он ганҷинасори Сӯзанӣ шаҳсӯзани заррин,

          ки вақти хастанаш бар тан равонро дард ангезад,

                    валекин пас шифо бахшад ҳама дарди дили ҷамъияти бемор.

Ту ай устоди сӯзангар,

ки меҷӯӣ нишони Сӯзанӣ имрӯз

                              миёни барзани сӯзангаронат чанд,

нигоҳи сӯзаният банд

ба Чокардиза — хоки шоирони гумнишон андар,

                              ки коми маънӣ барканданд бо сӯзан,

Худоро шукр гӯ чандон, ки пайдо шуд туро аз Сӯзанӣ шаҳсӯзани дармон.

ки ин сӯзан давобахши ҳама дард аст,

          ҷилояш машъале аз сеҳр афрӯзад,

                    парешонмиллати садпораро то ӯ ба ҳам дӯзад.

Ва ин сӯзан занад дарбеҳ

           шикофи халтаи нанги ману моро,

ки бар нисён наспорем оини ниёгонро,

Азеро ҳеч як ҳақгӯю ҳақгуфтор

          ба пои золиме сар хам накарде ҳеч.

Ту медониву чанде сӯзаниоини дилбедор,

Ки сӯзандоруе бояд зи шеъри сӯзанигуфтор,

Шифои захми ин ҷамъияти афгор!   

 

          Парисо дар мазмунофарию тасвирсозӣ маҳорати баланд дорад, шоираи рангинхаёл ва маъниёб аст. Бо вуҷуди баъзе нуқсонҳое, ки дар шеъри шоирони ин сарзамин ба назар мерасад, бемуҳобот метавон гуфт, ки ашъори Парисо дар ин силк аз назари мӯҳтаво ва шакл намунаҳои ҷолиб ҳастанд.

 

پریسای سمرقندی-یک شاخه شعر تاجیکی

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *