«Ҳосилот» Суперҷоми Тоҷикистонро ба Фархор бурд

Ҳанӯз таъми шӯри шикасти «Ҳосилот»-и Фархор дар ҷамъбасти ду вохӯриаш аз тими «Дордой»-и Қирғизистон барои роҳхат ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО шуста нашуда,  нисфирӯзии 4 март дастаи мазкур барои намоиши маҳорати футболбозӣ бо чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон, барандаи шашкаратаи Ҷоми ФФТ ва секарат дорандаи Суперҷоми Тоҷикистон —  «Истиқлол» -и Душанбе ба майдони Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баромад.  Ҳамон рӯз варзишгоҳи мазкур бо иштироки ин ду дастаи пешсафи футболи кишвар дар ҳузури зиёда аз 15 ҳазор мухлис мавриди истифода қарор гирифт.

Ва бахти варзишӣ ба рӯйи футболбозони Фархор маҳз дар Ҳисори Шодмон хандиду дар набарди  шавқовару шадид ва солим ҳарифи пурзӯртаринашро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт.  Пирӯзии дастаро зарбаҳои ҳадафраси Хайрулло Азизов (дақиқаи 8-ум) ва  Агбел Ҷонс (дақиқаи 28-ум) таъмин кард. «Истиқлол» фақат дар дақиқаи 87-ум тавонист, ки бо зарбаи легионери Русия Дмитрий Барков як голи ҷавобӣӣ занад. Сардовари вохӯрӣ Хуршед Додобоев ба вақти асосӣ 7 дақиқаи иловагӣ таъин карда бошад ҳам,  душанбегиҳо аз он басамар истифода карда натавонистанд ва дар бозиҳои Суперҷоми кишвар ва дар арафаи мавсими нави футбол шӯрии бохтро чашиданд.

Ҳамин тавр, ба «Истиқлол» медалҳои нуқраро директори генералии  Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Суперҷоми Тоҷикистон -2017ва медалҳои тиллоро ба бозигарону ҳайати мураббиёни «Ҳосилот» раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ва ноиби аввалини президенти ФФТ Хуршед Мирзо  ботантана супориданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *