Парлумон ба қонуни матбуот тағйирот ворид намуд.

 

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дирӯз тарҳи нави тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро қабул намуданд.

Олим Салимзода, раиси Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба масъалаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ин тарҳ сирф масъалаҳои таҳририю имлоиро дарбар гирифта, ба кори расонаҳо маҳдудият ворид намекунад.

Салимзода иброз дошт, ки дар лоиҳа мафҳумҳои “якчанд муассис” ба “муассисони”, “мавқуф” ба “боздошт” ва “хироҷ” ба “боҷ” тағйир дода шудаанд.
Бори охир вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 30 марти соли равон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро баррасӣ ва қабул намуда буданд. Он замон Олимҷон Салимзода ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, баъд аз таҳлилҳои гуруҳи корӣ, ки барои дубора баррасӣ кардани ин тарҳ таъсис ёфта буд, лоиҳа барои қабул омода гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи меъёрҳои ахлоқии журналистӣ аз тарҳ берун карда шуд, чун ин меъёр дар санадҳои дигар пешбинӣ шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуда буд, чизе ки дар ин лоиҳа дида мешавад, дар қонунҳои алоҳида мавҷуданд: “Вале ин ҷо мушаххастар нишон дода шудаанд”.
Ба гуфти Зуҳуров, дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, ки дар сурати қонуншиканӣ аз ҷониби расона Додситонии кулл унвонии идораи расона бо талаби ислоҳи камбудӣ амри хаттӣ мефиристад: “Дар сурати бартараф нагардидани камбудиҳо баъдан ба суд муроҷиат мешавад ва суд муайян мекунад, ки расона то куҷо ба қонуншиканӣ роҳ додааст”.
3 феврали соли равон Маҷлиси намояндагон меъёри баҳсбарангези лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма”-ро, ки Вазорати фарҳанг метавонад дар асоси пешниҳоди додситонӣ фаъолияти расонаҳоро то се моҳ мутаваққиф кунад, қабул накарда, онро барои номукамал буданаш бозпас гардонида буд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон он замон дар ҷаласаи парлумон изҳор дошт, “он меъёрро, ки прокуратура метавонад мавод омода кунад, онро мақомоти баҳисобгиранда пешниҳод намояд ва Вазорати фарҳанг то се моҳ метавонад фаъолияти расонаро мутаваққиф кунад, мо инро қабул накардем”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *