3 парванда барои чидани гули сияҳгӯш

Пулиси экологӣ дар Тоҷикистон алайҳи се нафар барои чидану фурӯхтани гули сияҳгӯш парванда боз кардааст. Мақомот гуфтанд, ки ин афрод аз 16-сола боло буда, «барои маҳви рустании дар ҳоли нобудӣ» гунаҳкор дониста мешаванд. Худи муттаҳамон дар сӯҳбат бо масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва пулиси экологӣ гуфтаанд, ки шароити зиндагиашон хуб нест ва хостаанд, аз роҳи фурӯши гулҳои худрӯй маблағ ба даст оваранд.

Сияҳгӯш аз аввалин гулҳои баҳорист, ки дар миёнаҳои моҳи феврал мерӯяд ва мардум ҳам бо ҳадафи расондани муждаи баҳору Наврӯз ва, албатта, фурӯшу ба даст овардани пул ин гулҳоро решакан мекунанд. Аз ин рӯ, бозрасҳои ҳифзи муҳити зист мегӯянд, афзоиши чидани ин навъи гул онро ба хатари нобудшавӣ наздиктар мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *