Росия: Зиндонӣ шудани 8 нафар тоҷики депоршуда

Додгоҳҳои Русия аз аввали моҳи март дастикам се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштанд, маҳкум ба зиндон кардаанд. Қонунҳои Русия барои афроде, ки дар рӯйхати сиёҳи ин кишвар афтода, боз ҳам талоши омадан ба Русияро мекунанд, ҳамчун муҷозот то 6 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Трубчевски вилояти Брянски Русия рӯзи 17 март шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳоб Ғоибназаровро бар асоси қисми дуюми моддаи 322-юми Кодекси ҷиноятии ин кишвар (убури ғайриқонунии марзи давлатии Русия аз сӯи шаҳрванди хориҷие, ки вурудаш ба қаламрави Федератсияи Русия мамнӯъ шудааст) гунаҳкор шинохт.

Додгоҳ гуфт, Ваҳҳоб Ғоибназаров то 15 марти соли 2019 ҳаққи вуруд ба Русияро надошт, вале ӯ рӯзи 26 августи соли 2016 бо роҳи қочоқӣ вориди Русия шудааст. Вале ӯро худи ҳамон рӯз марзбонон дар ноҳияи Трубчевски вилояти Брянск дастгир кардаанд.

Моддаи 322-юми Кодекси ҷиноятии Русия барои онҳое, ки бо вуҷуди маҳрум шуданашон аз ҳаққи сафар ба ин кишвар боз ҳам ба Русия меоянд, ҳамчун муҷозот аз 200 ҳазор рубл то 6 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо вуҷуди дар рӯйхати сиёҳи Русия афтодани номашон азми сафар ба он кишварро мекунанд, дастгир ва ба зиндон маҳкум мешаванд.

Рӯзи 1 март додгоҳи ноҳияи Қазони вилояти Тюмени Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон –Икромиддин Файзови 29-сола ва Бахтовар Вайсови 24-соларо бо айни гуноҳ ба 1 солу 3 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Икромиддин Файзов то моҳи апрели соли 2018 ва Бахтовар Вайсов то моҳи декабри соли 2025 аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуда буданд. Вале онҳо шаби 10 августи соли 2016 дар ҳудуди деҳаи Исаковкаи Қазоқистон пинҳонӣ аз марзи Қазоқистон бо Русия гузаштаанд. Онҳоро дар ҳудуди деҳаи Новоалександровкаи ноҳияи Қазони вилояти Тюмен як марзбон дида, ба нозири минтақавии пулис хабар додааст. Ин марзбон гуфт, ки ин ду нафар дар деҳа ба забони тоҷикӣ гап мезаданд ва ин дар дили ӯ шубҳа андохт.

Ҳамин додгоҳи ноҳияи Қазон моҳи 24 ноябр як зани 51-сола аз Тоҷикистонро бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи Қазоқистону Русия ба 4 моҳи зиндон маҳкум карда буд. Додгоҳ гуфт,Зебонисо Раҷабова бо қарори идораи ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград то 10 августи соли 2019 аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуда буд, вале бо ин вуҷуд, ин зан ва як шаҳрванди Қирғизистон рӯзи 25 августи соли 2016 бо кӯмаки сокини шаҳри Петропавловски Қазоқистон Қаноат Қаробоевталош кардаанд, пои пиёда ва аз як минтақаи берун аз гузаргоҳи расмии «Қазон” аз қаламрави Қазоқистон ба Русия ворид шаванд. Вале ҳарсеро марзбонони Русия дастгир кардаанд. Додгоҳ қаблан Қаробоевро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба як соли зиндон маҳкум кард, вале шаҳрванди қирғиз бо ҳамагӣ 20 000 рубл, муодили 300 доллар ҷарима халос хӯрда, алакай ба Ватанаш баргаштааст.

Дар ҳамон моҳи ноябр пеш аз вилояти Омск гузориш шуда буд, ки додгоҳи шаҳри Исилкӯл сешаҳрвандиТоҷикистонробо ҷурмисарҳадшиканӣ ба мӯҳлати аз 11 моҳ то 1 сол маҳкум ба зиндон кардааст. Бо ҳукми додгоҳСалимхон Кӯкиеви 54-сола ва Фахриддин Абдулмамадови 39-сола ба як сол ва Хуршед Олимови 35-сола ба 11 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд. Додгоҳ онҳоро дардидаву дониста ғайриқонунӣ убур кардани марзи Русия гунаҳкор донист.

Ба гуфтаи додгоҳ, ин се муҳоҷири тоҷик, ки қаблан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудабуданд, ба хотири пайдо кардани ҷои кор дар шаҳри Петропавловски Қазоқистон нақшакашида, рӯзи 15 августи соли 2016 аз як минтақаи дур аз гузаргоҳи расмӣ сарҳади Русияроубур кардаанд, вале дар ҳудуди ноҳияи Исилкӯл аз сӯи мақомоти нирӯҳои марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия дастгир шуданд.

Ҳарсе шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф кардаанд, вале гуфтаанд, бахотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ илоҷи дигаре ба ҷуз аз ҷустуҷӯи ҷои кор дар Русиянадоштанд.
Ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгорашонхудро ба бозори кори Русия мезананд. Бино ба омори расмӣ, беш аз 304 ҳазор аз шаҳрвандониТоҷикистон дар рӯйхати сиёҳи Русия афтода, аз ҳаққи вуруд ба қаламрави ин кишвар маҳрумшудаанд.

Бархеи онҳо бо табдили исми худ дубора ба Русия баргаштанӣ мешаванд ваё талош мекунанд,марзи Русияро ғайриқонунӣ убур кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *