Парвандаи ҳазорон мансабдор. Шарҳи Прокуратураи генералӣ
Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи се соли охири 2020-2022 ва нимаи аввали соли 2023 танҳо барои вайрон кардани тартиби қонунии тақсими замин ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр ва 4149 пешниҳод бароварда, ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз овардаанд.
Дар ин муддат, бино ба иттилои ин ниҳод, 3 ҳазору 864 мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва 16 ҳазору 716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, дар умум дар робита ба қазияҳои заминфурӯшӣ 3 ҳазору 696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва 49 ҳазору 151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.
Ин арқом рӯзи 24-уми ноябри соли 2023 дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ садо додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ