Нишонҳои биринҷии паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳонии кураш

Аз 23 то 28-уми ноябр дар шаҳри Ашқободи кишвари Туркманистон Чемпионати ҷаҳонии кураш-2023 баргузор шуд, ки дар он 400 варзишгар аз 57 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 7 паҳлавон аз Тоҷикистон низ ширкат карданд.

Рақобатҳо дар 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) баргузор шуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Муслимбек Каримов (-60 кг), Хайрандеш Муродзода (-66 кг), Наврўзи Каримзод (-73 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-81 кг), Ҳақназар Назаров (-90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг) намояндаги карданд.

Фирдавс Насимов дар вазни 100 кг, Хуршед Маҷидов дар вазни аз 100 кг боло, Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг ва Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг ба гирифтани нишони биринҷи даст ёфтанд.

Наврўзи Каримзод (-73 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-81 кг) ва Ҳақназар Назаров (-90 кг) бидуни натиҷа мусобиқаро ба анҷом расониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *