Парвандаи ҳамла ба афсари амният ба додгоҳ фиристода шуд (Видео)

Додситонии Кӯлоб тафтиши парвандаи 6 нафари муттаҳам ба ҳамлаи 4 моҳи пеш ба корманди Кумитаи амнияти миллӣ Муҳиддин Юнаевро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Худи Юнаев то ҳол дар бемористони Қарияи болои Душанбе таҳти табобат қарор дорад.

Шаби 13 май, соати 21-50 дар назди даромадгоҳи бинои рақами 20 дар паҳлуи тарабхонаи «Шабчароғ” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон лейтенанти калон Муҳиддин Юнаев ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлагарон ба узвҳои ҳаётан муҳими Юнаев 24 зарбаи корд зада, ба ӯ ҷароҳати вазнин расонданд. Ин афсари амният то ҳол дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе таҳти табобат қарор дорад.

Бо гумони даст доштан дар ҳамлаи шаби 13 май дар шаҳри Кӯлоб ҳанӯз дар поёни моҳи май 6 сокини маҳаллӣ — бародарон Тошмуродов Тоҳирҷон Абдусатторович, Тошмуродов Комилҷон Абдусатторович, Раззоқов Наврӯз Ҷалилович (соли таваллудаш 1991), Камолов Ҷамолиддин Ҳабибуллоевич (1986), Азамати Собир (1986) ва Юсупов Саймуддин Раҳмонович (1983) – дастгир шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи боздошти ин 6 нафар дар як гузориши телевизионӣ гуфт, яке аз гумонбарон – Ҷамолиддин Камолов, ки қаблан дар Русия барои роҳзанӣ маҳкум шудааст, «нисбат ба вазифаи хидматии Муҳиддин Юнаев хусумат дошта, аз рӯи ҳамин хусумат ва бо ҳадафи қасос ин ҳамларо ташкил ва раҳбарӣ кардааст.”

Бар асоси нишондоди гумонбарон маълум шудааст, ки ин ҳамла аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезӣ ва иҷро шудааст: «Ҷамолиддин Камолов дар шаҳри Душанбе бо бародарон Тошмуродовҳо вохӯрда, аз бозори «Корвон” се корди хоҷагӣ харидаанд.»

Сипас ин се нафар рӯзи 12 май ба шаҳри Кӯлоб рафта, дар манзили Наврӯз Раззоқов «оиди нақшаи тарҳрезикарда Раззоқовро огоҳ карда, ба иштирок дар ин ҷиноят даъват намуданд. Худи ҳамон рӯз Камолов ва ҳаммаслаконаш бинои истиқоматиеро, ки Юнаев дар он иҷора менишаст, аз назар гузаронда, вазифаи ҳар як иштирокчиро муайян кардаанд.”

Ва шаби 13 май, соати тақрибан 21:50 Камолов бо бародарон Тошмуродовҳо бо мақсади ҳамла ба корманди амният дар назди даромадгоҳи хонаи Юнаев камин гирифтанд:»Ҳангоми ба даромадгоҳи бино ворид гардидани Юнаев, Камолов ва Тошмуродовҳо ба ӯ ҳамла намуда, бо кордҳое ки бо худ оварда буданд, ба бадани вай бетартибона ва бо як бераҳмии махсус задаанд.” Барномаи «Сипар” мегӯяд, дар охир Наврӯз Раззоқов низ ба Юнаев наздик шуда, ба сару рӯи вай чанд зарбаи дигар задааст.

Вазорати дохила дар бораи чӣ хусумат доштани ин гумонбарон нисбат ба Муҳиддин Юнаев ва барои чӣ аз ин корманди амният қасос ҷустани онҳо чизе нагуфт. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *