Манижаи Давлат мотам дорад

Манижаи Давлат, ҳунарманди шинохтаи тоҷик аз озори мусалмонон дар Мянмар изҳори нигаронӣ кардааст.

Ӯ дар саҳфаи фейсбуки худ навиштааст, ба ободиҳои дунё фикр мекунад, аммо дунё пур аз вайронист. Менависад, “ҳамеша ҳар ҷое агар обод шавад, паҳлӯяш як ҷойи дигар вайрон мегардад. Хамин хел дунё бо вайрониҳо обод аст, бо вайрониҳои тамомнашуданӣ…”

Манижа дар идома таъкид мекунад, ки “имрӯз ман ҳам бо вайрониҳои шаҳри Бирма ва Мянмар баробари кулли мусалмонони дунё мотам дорам… Магар ҳамаи одамони курраи заминро Як Холиқ наофаридааст? Аз куҷост ин ваҳшоният?!”

Бино ба хабарҳои охир, дар пайи қатлу озорҳои ваҳшиёна беш аз 70 ҳазор сокини мусалмони Мянмар маҷбур ба тарки ин кишвар шудаанд. Бештари сокинони Мянмар пайравони дини буддоӣ ҳастанд ва мусалмонони қабилаи Роҳинҷа пайваста таҳти таъқиб қарор мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *