Парвандаи қатли рӯзноманигор дубора ба баррасӣ мешавад

Парвандаи қатли Алишер Саипов, рӯзноманигори қирғизистонӣ, ки соли 2013 пӯшида шуда буд, дубора ба баррасӣ гирифта шуд. Дар ин бора Шоҳрух Саипов, бародари Алишер хабар дод.

Додситонии вилоятии Ӯши Қирғизистон рӯзи 29 августи соли ҷорӣ қарори муфаттишро дар бораи қатъи парванда бекор ва онро дубора ба баррасӣ гирифт.

«Мо огоҳӣ ёфтем, ки созмонҳои байналхалқӣ моҳи июли соли ҷорӣ аз мақомоти додситонӣ хостаанд, парвандаи бародари маро дубора баррасӣ кунанд. Замоне, ки парванда пӯшида шуд, ба мо ҳатто иттилоъ надода буданд. Эҳтимол надорад, қотилеро, ки 12 сол пеш бародари маро кушта буд, пайдо кунанд. Мо инро дарк мекунем. Аммо мо мехоҳем, дар бораи сабабҳои куштор иттилоъ гирем. Мо ба ин умедворем», — гуфт Шоҳрух Саипов.

Алишер Саипови 26-сола 24 октябри соли 2007 дар шаҳри Ӯш кушта шуд. Қотилони вай то кунун пайдо нашудаанд.

Саипов бо расонаҳое амсоли Voice of Ameriсa, RFE/RL-Ozodlik, BBC, Mashhad ва «Фарғона» ҳамкорӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *