Филми қазоқӣ ба ҷоизаи «Оскар» пешбарӣ шуд

Қазоқистон филми «Хонигарии қазоқҳо. Тахти тилоӣ»-и коргардон Рустам Абурашовро дар бахши «Беҳтарин филм бо забони хориҷӣ» барои ҷоизаи Академияи синамои ИМА — «Оскар» пешбарӣ кард.

Маросими 92-уми супоридани ҷоизаи «Оскар» охирҳои моҳи феврал ё аввали моҳи марти соли 2020 дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.

«Хонигарии қазоқҳо. Тахти тилоӣ» қисми дувуми филми бисёрсериягии “Хонигарии қазоқҳо” аст, ки бар пояи романи “Шамшери гӯё”-и Илёс Есенберлин ва дар чорчӯби тадорукот ба ҷашни 550-солагии давлатдории қазоқҳо ба навор гирифта шудааст.

Филмҳоро «Қазоқфилм» ба навор гирифтааст. Қазоқистон бори нахуст ҳамчун давлати мустқил соли 1991 барои ҷоизаи «Оскар» филми «Марги Отрар»-ро пешбарӣ карда буд. Баъд аз он, тақрибан тайи 15 сол дигар ягон филми қазоқӣ ба ҷоизаи мазкур пешбарӣ нашуд.

Соли 2007 Қазоқистон филм дар бораи Чингизхон «Муғул»-и коргардони рус Сергей Бодровро барои «Оскар» пешбарӣ карда буд ва ҳатто ба феҳристи дарёфткунандагони эҳтимолии ҷоиза низ шомил гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *