Духтарону домодҳои Мирзиёев барои сарояндаи рус зиёфат доданд

Дар Кохи «Humo»-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 1 октябр консерти сарояндаи рус Полина Гагарина баргузор шуд. Зиёфате, ки пас аз ин корсерт барпо гашт, баҳсҳои тундеро миёни корбарони ӯзбек дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

Ба гуфтаи продюсери Гагарина — Андрей Мухачев, дар консерти сарояндаи рус дар Тошканд 10 ҳазор одам ширкат дошт.

Корбарони ӯзбек дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои зиёфатеро нашр карданд, ки пас аз консерти Гагарина баргузор шудааст.

Дар ин видео, ки эҳтимолан аз сӯи худи Гагарина сабт шудааст, духтарон ва домодҳои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ дида мешаванд.

Саида Мирзиёева дар баробари духтари президент будан имиҷсози рақами яки ҳукумати Ӯзбекистон низ шумурда мешавад. Ӯ муовини мудири Оҷонсии иттилоот ва иртибототи оммавии назди президент аст, ки хидматчии давлатӣ ба шумор меравад. Дар канори Саида хоҳараш Шаҳноза Мирзиёева, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати таҳсилоти томактабии Ӯзбекистон нишастааст.

Домодҳои Мирзиёев низ вазифаҳои баланди раҳбарӣ доранд. Бино ба иттилои расман тасдиқношуда, домоди Мирзиёев Ойбек Турсунов муовини аввали раиси дастгоҳи президент ва домоди дувумаш Отабек Умаров муовини сардори Хадамоти амнияти раҳбари давлат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *