Парвандаи ҷиноӣ бар зидди роҳбари комунистон

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ба зидди Субҳон Сафиаллоев, раиси созмони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ парванда оғоз кардаанд. Манобеи «Ахбор” мегӯянд, ки Сафиаллоев гӯё аз номи шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ аз як мансабдор пул талаб кардааст.

Манобеи сомонаи «Ахбор” мегӯянд, ки ба зидди Субҳон Сафиаллоев, раиси созмони Ҳизби коммунист дар шаҳри Душанбе ва вакили маҷлиси вакилони пойтахт ҳафтаи гузашта парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати «Ахбор”, Субҳон Сафиаллоев ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад. Ӯ гӯё аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз як мансабдор пул талаб кардааст.

Манобеи «Ахбор” мегӯянд, Субҳон Сафиаллоев дар маҳаллаи Ховарон дар шарқи Душанбе хонаи нав месохт, вале дар як соли охир ба сабаби аз бонк қарздор шудани писараш дучори мушкилоти молиявӣ шуда буд ва ҳатто хонаеро, ки зиндагӣ мекард, аз даст дод.

Дар дафтари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфтанд, ки парвандаи раиси созмони душанбегии ҳизб рабте ба фаъолиятҳои ҳизбии ӯ надорад. Ҳамсафони Сафиаллоев аз ироаи ҷузъиёти бештар дар бораи ин қазия дар ҳоли ҳозир худдорӣ мекунанд.

Субҳон Сафиаллоев аз раҳбарони собиқадори Ҳизби коммунист ба шумор рафта, 19 соли охир созмони шаҳрии ин ҳизб дар шаҳри Душанберо раҳбарӣ мекунад. Субҳон Сафиаллоев моҳи июни соли 2016 барои боз як давраи дигар раиси коммунистҳои пойтахт интихоб шуда буд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қадимитарин ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар аст, ки собиқааш ҳанӯз аз даврони Русияи подшоҳӣ ва солҳои аввали ташкили давлати Шӯравӣ оғоз мегирад. Ҳизби коммунист дар тӯли 70 соли ҳукумати Шӯравӣ ҳизби яккатоз ва ҳоким буд, вале баъди таъсиси ҳизби халқии демократӣ ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон нуфузи сиёсиашро ба тадриҷ аз даст дод. Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҳизби коммунист барои бори аввал дар таърихаш натавонист ягон намояндаи худро вориди парлумони Тоҷикистон кунад.

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *