Муаллимаи талабазан ҷазо гирифт

Софя Қосимова, муаллимаи мактаби №21-и пойтахт барои даст бардоштан ба сари хонанда танбеҳ гирифт.

«Софя Қосимова солҳои зиёдест, ки омӯзгорӣ мекунад. Ӯ ба сари толибаи синфи 8 Моҳчеҳра Боқиева даст бардоштааст, бо он сабаб, ки толиба тартибот дар синфро вайрон карда, ба гузаронидани дарс халал расонидааст. Муаллима худро дошта натавониста, ба рӯи толиба шаппотӣ задааст ва талаб кардааст, ки ба партаи охир нишинад», — гуфтааст  дар ин робита сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Алиев.

Бино ба гуфтаи номбурда, Софя Қосимова аз раҳбарияти мактаб ва Вазорати маориф ва илм танбеҳ гирифта, ба толибае, ки ҷараёни баргузории дарсро халалдор кард, огоҳӣ дода шудааст.

Аввали моҳи декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие нашр шуд, ки дар он аз ҷониби муаллима лату кӯб шудани хонанда дида мешавад. Ин навори видео дар шабакаи Фейсбук вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *