Парвандаи ҷиноӣ нисбати сарбозе, ки либоси низомӣ намепӯшад
Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон нисбати сарбози 18-солаи пайрави созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво”, ки мегӯяд, бо далели боварҳои диниаш либоси низомӣ намепӯшад, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба додгоҳи ҳарбӣ фиристод.
Даниил Исломов, сарбози 18-солаи як қисми ҳарбӣ дар Қурғонтеппа бо моддаи 376, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне “саркашӣ аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи фиреб”, муттаҳам мешавад. Ӯ моҳи апрели соли равон аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шуд, вале то кунун аз пушидани либоси низомӣ бо баҳонаи боварҳои мазҳабиаш, худдорӣ мекунад.
Алишер Рафиқзода, додраси додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 4-уми сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ин сарбоз ба дасти онҳо расид, вале мурофиа ҳанӯз оғоз нашудааст. “Ин ҷавон ҳоло дар қисми ҳарбӣ қарор дорад, яъне дар боздошт нест. Рӯзи мурофиааш таъин нашудааст. Либоси низомӣ ба бар намекунад. Мегӯяд, ки ин дар мазҳаби мо нест ва мо бояд либоси низомиро напӯшем”, — гуфт Алишер Рафиқзода.
Моддаи 376, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ин пайрави созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” ба он муттаҳам мешавад, то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Даниил Исломов пас аз даъват шуданаш ба хизмати ҳарбӣ ба фармондеҳонаш гуфтааст, ки аз рӯи ақоиди мазҳабиаш наметавонад либоси ҳарбӣ пӯшад ва ба даст силоҳ бигирад, аз ин рӯ, ӯро ба хизмати ҳарбии алтернативӣ ҷалб кунанд, то корҳои ғайринизомӣ анҷом диҳад. Аммо Оксана Исломова, модари Диниил ба хабаргузории мазҳабии “Форум 18” гуфтааст, ки мақомоти ин дархости писарашро рад карданд.
Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони 18 то 27-сола ҳатмӣ ҳаст ва ба ҳеҷ гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз дода намешавад. Танҳо ба афроди маъюб, писари ягона дар хонавода ва омӯзгорони деҳот муваққатан барои ҷалб нашудан ба Артиш қонунгузорӣ имтиёз додааст.
Модари Диниил Исломов гуфтааст, ки писараш аз кӯдакӣ сиҳҳатии хуб надошт, вале комиссияи тиббии назди комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии Душанбе ӯро қобили хизмат эътироф кардааст.
Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан қонунгузории Тоҷикистон ба ҳеҷ гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз намедиҳад, вале тарҳи хидмати алтернативӣ, ки ду соли пеш аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ба Вазорати адлия пешниҳод шуда буд, ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Бар асоси ин тарҳ, шаҳрванд метавонад бо пардохти маблағи муайян аз хизмати сарбозӣ озод шавад ва онҳое, ки ба хизмати сарбозӣ мераванд, аз ин ҳисоб маош бигиранд. Ҳамчунин, ин тарҳ хидмати ҳарбиро аз ду то якуним сол дар назар дорад.
Баҳси пайрави созмони «Шоҳидони Яҳво» дар ҳолест, ки фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон манӯъ эълон шудааст. Ин созмон соли 1997 дар Тоҷикистон фаъоляташро қонунӣ карда аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта шуд. Фаъолияти ин созмони динии насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури дин дар итоаташ буд, мамнӯъ эълон шуд ва сипас аз тарафи додгоҳ тасдиқ шуд.
«Шоҳидони Яҳво» аз гурӯҳи созмонҳои навпайдои масеҳӣ аст, ки дар нимаи дуввуми асри 18-ум пайдо шуд. Пайравони “Шоҳидони Яҳво” шакли ибтидоии мазҳаби худро қабул доранд ва як рукнаш ҳам ин аст, ки барои хиизмати артиш ва ба даст гирифтани силоҳ иҷозат надоранд. Ин созмон дар Тоҷикистон ҳақи фаъолият надорад.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ